Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ ҳезумҳои хушкро зери дегдон партофту оташро рӯшан кард ва нохудогоҳ дар рӯ ба рӯи алангаҳои оташ сари по нишаст. Аммо на оташро медид ва на қарс-қарс шикастани устухонҳои ҳезуми хушкро. Худаш баргашту ҳушу ёдаш дар лаби ҳисори галаи аспҳои оғо монд.
“Худоё, ин чӣ васвасаест! Магар ман инро хоста будам?
Тамоми зориву тавалоям ба даргоҳат танҳо барои бозгашт ба ватан буд, ки ангор шуданӣ нест. Нагзор, ки ин васваса охири корам шавад.”
-Фариштаҷан, алава мандиву дег намандӣ, аҷала накунӣ авладаи ма гӯшна меманан. Фаришта акнун мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳезум барҳадар месӯзад. Ӯ аз нигоҳҳои кунҷковонаи Алтанхотун ба дегу коса паноҳ бурд. Дегро болои дегдон гузошту равғанро рехт ва пораҳои гӯштро, ки саҳар ҷудо карда буд ба дег андохт. “Хайрият, ки чашмони хотун танг аст, вагарна ман ба ин нигоҳи сӯрохкунанда тоб намеовардам ва ӯ мегуфтам, ки оре, як чизем шуда, шояд девона шудам!” Он мулоқот, ки ҳеҷ қавли маҳкамеро ба думбол надошт, сабру қарорро аз дили Фаришта ва хобро аз дидагонаш рабуд. Чеҳраи ҷаззоб, чашмони дурахшон, лабҳои хандон ва мӯйҳои фирфирии оғоро пеши назараш меоварду дилаш беҳол мешуд, гӯё ҷиғ-ҷиғ медарид.
Ҳеҷ гоҳ чунин як эҳсоси пуршӯрро таҷруба накарда буд, ҳатто солҳо пеш, замоне, ки номзад дошт ва ба он ҷавон ошиқ шуд. Он ишқ як эҳсоси сода ва поку беолоиши духтараки наврасе буд, ки пеши бараш акнун медамид ва хаёли як бӯса ҳади аксари рӯъёҳояш буд. Ин васваса, ки аз замири як зани болиғ берун меомад ва ношӣ аз хоҳишҳои пургуноҳ ва ғайримашруъ буд, ҷисми ӯро алоҳида аз қалбаш дар тобаи шавқу ҳавас месӯзонд.
Фаришта бартариҳои оғоро бо худ қиёс мекарду ноумед мешуд ва норозиёна аз оинаи шикастаи ҷевони Алтанхотун рӯ метофт. Ӯ дар он оина зани заҷркашидаеро медид, ки ба Фариштаи пешин монанд набуд.

пешина
аз 473
навбатӣ