Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҳусни зотие, ки модари моҳрӯяш ба ӯ дод, танҳо як чеҳраи афсурда мондааст ва аз гесувони ҳалқа-ҳалқаи ба қад баробар як мӯи жулидае, ки рӯзҳо дандони шона ба торҳояш намерасад.
Ҳаракатҳои номураттабе дошт он рӯзҳо. Дар пайи ҷустуҷӯи таровати гумшуда об гарм кард ва дар ҳаммоми сарпӯшидаи Алтанхотун, ки ягона гӯшаи арзишманди ин макон буд, гармобаи муфассал гирифт. Боз ба пойи оина баргашт ва ба сурати худ чашм дӯхт. “Мисле, ки пир шудаам ё ба назарам менамояд? Чеҳраашро ба оина наздиктар овард ва ба чашмони худ хира шуд. Чӣ берӯҳ буданд он чашмҳо!
Гӯё, тамоми заҷрҳои кашидааш мисли сармои қаҳратун дар шишаи чашмонаш нақш бастанд. “Дуруст мегуфтанд, ки чашм оина рӯҳи инсон аст, он чӣ рӯҳ мекашад, чун навори филми аккосӣ дар хонаи торики чашмҳо зоҳир мешавад”, - бо таассуф аз дил гузаронд ӯ.
Фаришта монанди як зани фақир, ки соатҳо дар пушти шишаи дӯкони гаронбаҳо чашм аз пероҳани дилхоҳаш намеканад, дар оғӯши рӯъёҳои ғайривоқеъӣ ғарқ мешуд ва соатҳо берун намеомад.
Ҳамин рӯзҳо буд, ки Аргина, келини хурдии Алтанхотун, як халта рангубори ороишӣ овард ва гуфт, ки инҳоро кадом дӯсташ барои фурӯш додааст. Келинҳои хотун чашмҳои танги худро то ҳади имкон боз карда, бо ҳаяҷон даст ба халта мезаданд ва қуттиҳои барроқро аз панҷаҳои якдигар рабуда, сурхиву сафедиро дар пӯсти якдигар имтиҳон мекарданд.
Чеҳраҳои беранги онҳо мисли коғази нонавишта буд, ки дар он мешуд ҳар суратеро кашид. Гунаҳо дар як они воҳид гулобӣ шуданду чашмҳо сурмасо ва лабҳо мисли гулбаргҳои навшукуфт. Хонумҳо аз хурсандӣ шукуфтанд. Пайсаҳои арақолӯд аз синабандҳои онҳо берун ва дар домани Аргина ғарам мешуд. Алтанхотун аз ҷаззобияти келинҳояш, ки ҳамагӣ хоҳарзодаву додарзодаҳояш буданд, ифтихор мекард ва “бала дур” гуфта, даври сари онҳо сипанд дуд медод.

пешина
аз 473
навбатӣ