ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта ин бозори худгардонро аз дур бо ҳавас тамошо мекард, аммо наздик намешуд, пуле ҳам надошт, ки чизе харидорӣ кунад.
Ин дам аҷуза ба Алтанхотун чӣ ишорае кард, ки хотун аз дасти Фаришта гирифту ӯро ба лаби кат овард.
-Ҳар чӣ дилат бход биги пайсаша ма худум метум, - гуфт ӯ. Келинҳо аз меҳрубонии модаршӯ ба ин зани ғариба пешонӣ чин карданд.
Биё Фариштаҷон, хубуша барот метум, - гуфт Аргина, ки ба Фаришта эҳтиром дошт ва ороишотеро, ки барои худ интихоб карда буд, ба пеши ӯ гузошт. - Бигӣ, куллаш моли Дубай аст. Келинҳои дигар ҳасудона чашм ба ин ороишот дӯхтанд. Фаришта акнун мехост ҷаъбаеро бардорад, ки кадоме аз хонумҳо дасти ӯро тела дод.
-Инора чиро ба мо нишон надодӣ? - гуфт зани чоқи гарданкулуфт, ки ранги лаб дандондонҳояшро монанди хуношомҳо қирмиз карда буд. - На хайр, аввал мо интихаб мекунем, боқиша ба у занака бидеҳ.
Фаришта дасташро пас кашид ва ноаён аз пеши занҳо дур шуд.
-Чуп, инҳо моли мананд, Фариштаҷон, пеш биё, доманта боз ку, - гуфт Аргина ва аз ҷой бархосту ҷаъбаҳои рангорангро ба домани Фаришта рехт. -Ту худут мақбул астӣ, бо и ороишот мақбултар мешӣ, и занои ҳевари ма ай ҳасудӣ месӯзан, - ӯ бо ханда ва ба сӯи Фаришта чашмак зад.
Фаришта ҳеҷ гоҳ аҳли ороишот набуд, аммо ҳоло он қадар шод шуд, ки ангор, барояш дунёро доданд, мехост зудтар ба хона дарояд ва ҷаъбаҳоро дар танҳоӣ як-як боз кунад. Раҳ ба раҳ хандаи бечораҳолонае дар лабонаш зоҳир шуд, саги сиёҳ ба ёдаш омад, ки устухони партофтаи падарро аз осмон мебардошт ва ба гӯшае медавид, то хилваташро касе халадор накунад. “Чи ҳақиру садақахӯр шудаӣ, Фаришта!” Аз гуфтугӯи лаби ҳисор бо Гул-оғо як ҳафта гузашт, вале ӯ дигар пайдо нашуд. Фаришта ҳар саҳар ҳавлӣ ҷорӯб мезаду гоҳ-гоҳ қоматашро рост мекард ва дуру дароз ба самти саисхонаи оғо чашм медӯхт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё