ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Шиҳаи аспҳоро мешуниду дилаш гум мезад. Аммо рӯзҳо мегузаштанду шавқу шӯрро яъсу намедӣ ва хаёлҳои хомро мантиқу хирад иваз мекард. Ӯ, ҳамон тавр ки аз шавқ то ба арши аъло баланд шуда буд, бо ҳамон шаст поён фаромад ва акнун ҳар бор дилаш барои дидани оғо гум мезад, лагоми хоҳишҳояшро мекашид ва ба худ мегуфт: “Оғо туро масхара кард, туро аз шодӣ пойҳоятро об бурд!”.
Алтунхотун акнун аз бекорӣ пойҳои вармосидаашро дар рӯи кат дароз мекарду то омадани келинҳояш пинак мерафт.
Шояд ҳам бедор буд, аммо Фаришта хобу бедории ӯро ҳеҷ фарқ намекард, ангор, чашмони хотун доимо баста буданд. Ӯ намедонист, аз сари Фаришта чӣ мегузарад, агар чизеро пайхас мекард, шояд кунҷкоб мешуд. Танҳо аҷуза буд, ки ҳар як ҳаракати Фариштаро мӯшикофона таъқиб мекард, гӯё филми пурмоҷароеро медид, ки саропо гӯшу ҳуш буд ва аз ӯ чашм намеканд. Фаришта эҳсос мекард, ки аҷуза аз он сӯи достони ӯ гузаштааст ва бо хиҷолат худро аз кампир канор мегирифт.
Оғо чун дафъаи қаблӣ бехабар омад.
Дар тан тумбони сабзи мошӣ дошт ва дар даври гарданаш гарданбанди сиёҳ, ки як ҷо бо мӯйҳои қатронияш чеҳраи ӯро пурҷило мекард. Ӯ дар ҳавлии холӣ касеро надид.
Алтанхотун аз саҳар ба дидори мӯйсафедаш рафта буд, ки вақтҳои охир бисёр танбал шудаст ва либосҳои чиркинашро барои шустан ба дасти писари галабон мефиристад. Фаришта омадани оғоро, қабл аз он ки садояшро бишнавад, эҳсос кард.
Мисли ҳайвонҳо, ки вуқӯи зилзиларо қабл аз такон хурдани замин ҳис мекунанд. Дар тобаи рӯи дегдон нон мепӯхт, ки якбора дар ҷояш карахт шуд ва занги борику тӯлоние дар гӯшҳояш садо дод. Дастпоча шуд, нонҳои гармро, ки барои ҳавохурӣ паҳн карда буд, бо аҷала рӯи ҳам гузошт, аммо боз аз фикраш гашту нонҳоро дубора ба рӯи дастархон паҳн кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё