Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

На ҷуръате дошт, ки берун барояд ва на сабре, ки дар ошхона бимонад.
Рӯи нонҳоро бо як дастархон пӯшонду аз дари пуштӣ ба сӯи хона давид. Бо аҷала либосҳои дудолудашро аз тан кашиду пероҳани наверо, ки хола Наврӯз дар буғчаи ӯ гузошта буд, ба бар кард. Пероҳани кӯчӣ миёни борик ва синаҳои дамидаи ӯро монанди тандиси занҳои антиқӣ барҷаста мекард. Бо аҷала ба чашмонаш, ки аз ҳаяҷон барқ мезаданд, сурма заду ба лабҳояш ранги гулобӣ, зулфони тобдорашро аз пушти гӯшаш озод кард ва ду гӯшаи рӯсарии ҳарирро ба китфонаш партофт. Шуд ҳамон Фариштаи қадим, ҷаззоб, ширин, чун меваи расида. Худро дар оина диду гунаҳояш аз хиҷолат сурх шуданд.
“Худоё, ман чӣ кор мекунам! Оғо хар нест, ҳатман мефаҳмад, ки ин зебу зиннат ба хотири ӯст! Ӯ бо ҳамон аҷала пироҳани навро аз тан кашиду дубора ҳамон куртаи дудолударо ба бар кард. Сурмаву сурхии ба гуфтаи Аргина моли Дубай, ҳатто бо латтаи тар тоза нашуд, аммо рангҳои нафису табиӣ ба Фаришта зебид. Ӯ то остона расиду пойҳояш ларзиданд, беҳолона ба чӯби дар такя зад ва бо гардани каҷ ба оғои хушқиёфа хира шуд. Он қадр ташнаи дидори ин мард буд, ки пинҳон карданаш имкон надошт.
-Да и хона касе ба мо ав намета? - гуфт оғо бо лаҳҷаи омиёна ва бе он ки посухеро интизор шавад, лаб ба лаби шланги канори ҷӯй гузошт, ки обаш шабу рӯз боғчаи Аалтанхотунро шодоб мекунад. Фишори об он субҳ баланд буд ва об фаввора заду ришу пироҳани ӯро тар кард.
-Буру бобо, мо танҳо ав хоста будем, на ҳаммом – гуфт ӯ бо ханда ва шлангро ба гӯшае парт кард.
-Дар и хона касе нест?
-Ба кас чӣ кор дорӣ? Мага ба суроғӣ он ғариба наомадӣ?- гуфт аҷуза бо садои хиррӣ ва дигарбора оғоро ғофилгир кард.
Оғо бо даҳони аз ҳайрат нимабоз ба самти дарахти сада қадам бардошт ва кампирро дид, ки монанди як мушт устухони дудхӯрда дар худ печида аст.

пешина
аз 473
навбатӣ