Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Оғо аз писарони Алтанхотун мешунид, ки модарбузурги онҳо илми ҷодуро медонад, аммо бовар намекард ва ҳоло бо дидани кампир кунҷков шуд.
-Чӣ тур астӣ модар, ҷонат ҷӯр аст?
Кампир посух надод, ӯ лабчанг менавохт ва навое мебаровард, ки шабеҳи уллоси шамол буд ё пажвоки овои танҳо дар байни кӯҳҳо.
-Ростӣ, наваҳот меган, илми ҷоду баладӣ, рост меган?
Аҷуза пузхандро дар садои оғо эҳсос карду пилкҳои сангинаш тангтар шуданд. Ба шиддат рӯи забонаки лабчанг анугшт мезад ва монанди навозандаҳое, ки аз сози худ ба самоъ мерасанд, сарашро такон медод. Оғо, ки лаҳзае пеш бо кампир тамассхуромез ҳарф мезад, акнун мисли афсуншудаҳо чашм аз ӯ барнамедошт.
-Чиро мехоҳӣ, бидонӣ? - гуфт аҷуза ва лабчангро канор гузошта, аз зери абрӯвони шикастаи бемӯй, ки танҳо қолаби абрӯ буданд, ба оғо нигарист. Мехоҳӣ бидонӣ, кай мемирӣ? - пурсид ӯ бо киноя.
-На воллоҳ, агар инро бидонам, ангезаи зиндагима аз даст медам.
-Пас чӣ мехоҳӣ?
-Велаш кун, чизе намехом.
-Мехоҳӣ бидонӣ, корат бо и ғариба ба куҷо мекаша?
Кампир ба сӯи Фаришта ишора кард, ки аз остонаи дар ба он ду нафар менигарист, вале садои онҳоро намешунид.
Чашми оғо ба Фаришта афтоду пешониаш чин шуд.
-Ман ба и зан коре надорум, бо ӯ аз рӯи тараҳҳум ҳарф мезанум, ва илло... Аҷуза сухани ӯро бо қаҳр бурид.
-Ман аз чизҳое огаҳам, ки ту наметавонӣ бидонӣ.
Метавонӣ худро гул бизанӣ, аммо на маро.
-Мегӯӣ тараҳҳум дорӣ? Пас ӯро бубар ба назди он рӯди бузург ва бигзор ба сарзаминаш баргардад. Шояд ҷонеро аз мурдан наҷот бидиҳӣ...

пешина
аз 473
навбатӣ