ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғо аз ҳарфҳои берабти аҷуза гиҷ шуд.
-Чӣ мегӯи ту!? - таҳаммулро аз даст дод ӯ ва ба аҷуза садо баланд кард.
-Аммо ту ҳиммат надорӣ, хеле худхоҳӣ, ҳайфи касе, ки ба чун туе дил бибозад! Буру, хаста шудам аз ту! - гуфт аҷуза ва бо танаффур аз оғо рӯй тофт.
Гулоғо монанди одаме, ки ҷанги лафзиро мебозад ва барои зарбаи ниҳоӣ аз зеҳни карахт шудааш ҳарфи маҳкаме меҷӯяд, даст ба чона мебурд ва нохудогоҳ риши кӯтоҳашро шона мезад. Дар лабонаш табассуми бечораҳолонае сайр мекард, ду қадам аз назди кампир дур мешуду боз дубора ба зери дарахти сада бармегашт. Оғои пулдоре, ки касе як ҳарфашро ду намекунад ва ҳама дар пешаш дуқат мешаванд, аз густохии як кампир нимҷон гиҷ шуда буд. Саранҷом, ҳарфе ба ёдаш наомад ё нахост бо аҷуза сар ба сар шавад, ки даст афшонду бе он ки ба Фаришта нигоҳе кунад, бо аҷала сӯи саисхона рафт.
Оғо рафт ва ба пушташ нигоҳ ҳам накард. Қомати зебои ӯ дар паси ҷуворизори баланди пайроҳаи борики сӯи саисхона нопадид шуду дили Фариштаро ҳузни тоқатнопазир фаро гирифт, комаш аз алам талх шуд. Ба сӯи боми молхонаву саисхона, ки ҳоло барояш беҳтару муҷаллалтар аз ҳар кохе буд, бо ҳасрат нигоҳ мекарду хоҳиши девонаворе дар дилаш пайдо мешуд, ки ба думболи оғо бидавад. «Шояд бо баҳонаи дидани Алтанхотун то ферма биравам? Ё шояд ба хонаи оғо баргардам? Зеҳнаш ҳам як далеле пеш намеовард, ки чаро Фаришта бояд ин корҳоро накунад».
Аҷуза аз ӯ чашм намеканд, нигоҳаш қазоватомез буд, лабонаш аз қаҳр дар байни комҳои бедандонаш фурӯ рафтанд ва ҷилди овезони рӯяш аз чаҳор тараф дар гирди биниву даҳонаш бурма мешуд.
Фаришта эҳсос мекард, ки кампир зеҳни ӯро мисли як китоби боз мехонад, шояд аз гузаштааш огоҳ аст ва аз ояндааш низ як чизҳое медонад. То чанд рӯзи пеш аз ҳарфҳои гоҳ-гоҳӣ ва берабти аҷуза, ки ногаҳон мисли тарошае аз бом меафтанд, барои худ пайғом мебардошт ва дар он ҳарфҳои берабт калиди мушкили худро меҷӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё