Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо аз як ҷойе эҳсос кард, ки дигар на аҷуза барояш муҳим аст на каломи мармузаш. Дар гирдоби васвасаи нобаҳангом, ки аз ӯ як инсони барои худаш ҳам ношиносро меофарид, чарх мезад ва парво надошт, ки пиразан чи амреро ба зеҳни ӯ таҳмил мекунад. Бо аҷала ба хона даромаду ҳамон куртаи навашро ба бар кард ва ба сӯи пайроҳаи борик байни чуворизор гом бардошт.
-Инсонеро ба ин аблаҳӣ надида будам, ки бо чунин суръат ба истиқболи бадбахтии худ биштобад, - гуфт аҷуза бо зарда ва дар тахти хобаш, ки ҳам хонааш буду ҳам хобгоҳаш, ба пушт зад. Сурати турши ӯ дар паси зонуҳои лоғараш, ки монанди ходаи гури бесоҳиб хушку рост буданд, нопадид шуд.
Аммо “тираш” ба ҳадаф расид. Фаришта дар фосилаи ду қадам аз саисхона якбора манъ шуд. “Худоё, дорам чӣ кор мекунам?” - гуфт ба худ ва бо ҳасрат ба ҷодае нигарист, ки лаҳзае пеш маъшуқи бепарвояш аз он қадам мебардошт.
Мехост баргардад, аммо дилаш тавтеа мекард ва дар гӯшаш мехонд, ки “ба думболи ман биё". Монанди говмеши занҷирбанд буд, ки зӯр мезаду ба пеш мехазид, вале занҷир ӯро ба ақиб, ба сӯи саисхона мекашонд. Саранҷом, бо сари хам ва бо дили шикаста ба кулбаи хотун баргашт.
Алтанхотун вақти наҳор якҷо бо келинҳояш омад, хурсанд буд. Гуфт, ки аспи дӯстдоштаи оғо обистан аст ва ӯ аз хотун хоҳиш кардааст, ки то зоймони асп як ду-се ҳафта дар молхона бимонад ва шавҳарашро ҳамроҳӣ кунад. Хотун мӯйсафедашро пазмон шуда буд.
-Гурбаи моҳурӯз барои худ хилват меҷӯяд, ту чаро ин қадар хингӣ!?
-Бо мо будӣ мадар? -Алтанхотун акнун дошт арақи сару рӯяшро бо остонаш пок мекард ва ҳаш-ҳашкунон думбаи бузургашро ба рӯи тушак (кӯрпача) мефуровард, ки овози қаҳролӯди хушдоманашро шуниду мисли арӯси чилрӯза дастпоча шуд ва сареъ ба пушти дарахти сада гузашт.

пешина
аз 473
навбатӣ