Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Келину хушдоман байни худ бо забони қавмиашон ҳарф мезаданд ва Фаришта ҳарчанд гӯшу ҳуш шуд, аммо як калима ҳам нафаҳмид. Хотун бо ҳавоси парешон баргашт.
-Ғизара бикаш, Фариштаҷон, духтаро зуд наҳар бухӯрану аз пайи кор шаван, - гуфт ӯ. Рафтораш мисли одаме буд, ки хабари муҳимме шунидааст ва агар онро ба касе нагӯяд, мунфаҷир мешавад.
Келинҳои хотун наволаҳои охирро аз табақи кӯфтакабоб бардошта, акнун мехостанд маросими дандонкобии дастаҷамъонаро оғоз кунанд, ки модаршӯ саросемавор дастархонро бардошт.
-Ғазатона хӯрден, аку буланд шен, бурен ай пайи кар, чая да аму сари кар бнӯшен.
Хотун келинҳои норозиашро аз даври дастархон, ҳамон тавре ки гунҷишкҳоро бо чӯби борики душоха аз дарахти гелос мехезонад, пеш карду худаш ба рӯи тушак ғелид ва ҷойро банд кард, то онҳо натавонанд ба гирди суфра баргарданд. Хонумҳо ахм карданду ғур заданд ва як-як аз лаби кат поён ҷаҳида, дар пайроҳаи борик турнақатор ба самти ферма роҳӣ шуданд. Ба маҳзи дур шудани садои занҳо Алтанхотун бо аҷала кӯшиши бархостан кард, аммо тани мисли хирмани гӯшт сангинаш гардан намедод, ӯ ду-се бор ғел заду билохара бо кумаки дастаи кат аз ҷой бархост.
-Куҷостӣ Фариштаҷан?
Фаришта банди андешаҳои худ акнун косаву табақоро дар лаби об лиф мезад, ки садои хотунро шуниду аз пушти дарахти гелос ба ӯ нигоҳ кард.
-Ин ҷостам, ба ман коре доштед, Алтанхотун?
-И аға бари чӣ амада буд? Аға ба ту чӣ кар дара?
Шикофҳои бинии кӯтоҳи хотуни меҳрубон аз ҳаяҷон шукуфтанд ва лабони сергӯшташ, ки бе ин ҳам бо димоғаш фосилаи қобили мулоҳиза доранд, гоҳ фушурда мешуданд ва гоҳ зери дандонҳояш мерафтанд.

пешина
аз 473
навбатӣ