Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ваҷоҳати хотун беш аз суолоти ӯ тарс илқо мекард. Фариштаи бо дастони кафколӯд, ки ларзиши онҳо аз назари хотун пинҳон намонд, хомӯшона дар лаби кат нишаст. Гӯшаҳои лабонаш аз алами дарунӣ поин рафтанд ва сели ашк радаи мижгонҳояшро рахна карду сарозер шуд. Алтанхотун, ки зотан як зани бисёр раҳмдил аст ва ҳатто бо шунидани “афсонаи сесона” ҳам оби чашмаш равон мешавад, хории Фариштаро диду дастпоча шуд.
-Воллоҳ ман чӣ гуфтам? Чара гирян мекунӣ? Номи хода манзуре надаштам, шанидам аға амад, гофтам пурсам, ки каре дошт, ки амад, - гуфт хотун бо нармӣ ва гилеми рӯи катро бо думбааш кашолакунон ба сӯи Фаришта хазид.
Китфҳои Фариштаро навозиш кард, ашки чашмони ӯро бо лаби остинаш рӯфт ва бо овози паст дар гӯшаш гуфт, ки “ҳамаш мегзара диқ наку”. Фаришта бори аввал сарфаҳм намерафт, ки барои чӣ буғз кардааст? Барои қочоқ шуданаш?
Барои дуруштии Алтанхотун? Ё барои нописандии дирӯзаи оғо? Ба фоҷеаи қочоқ, ҳамон тавре ки як бемор бо маризии лоилоҷ канор меояд, одат кард. Дуруштии Алтанхотун ҳам ӯро озурда намекунад, Фаришта ин воқеъиятро, ки бардаро ҳар касу нокас озор медиҳад, дарк мекунад. Ашкҳои Фаришта аз ғуссаи оғои хушсурат буд, ки ӯро ошиқ карду худро канор кашид. Хеле гирист, то ки дилаш холӣ шуд ва чашм аз домани пероҳанаш бардошту аз зери мижгонҳои тар гунаҳкорона ба Алтанхотун нигоҳ кард.
Агар хотун то ин лаҳза алоқамандии Фариштаро ба оғо кори ношуданӣ медонист, пас аз дидани ин нигоҳи гунаҳкорона ҳама чиз барояш рушан шуд.
-Худая мора аз и афат аман бидеҳ...
Ӯ ва бо таассуф ба Фаришта нигоҳ мекард ва мардумаки чашмонаш чун моҳии дар тангно афтода фир -фир ба чапу рост тоб мехӯрданд, даст ба зону мезаду сарашро такон медод.

пешина
аз 473
навбатӣ