Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Ай, ханаи ишқ бисӯза... ашиқ шудӣ Фариштаҷан? Ахи чара ба и аға? Мага дига ағае набуд? Ном хода, ага занои ханаи калон бохабар шаван, сар аз танут ҷуда меша, фомидӣ чи мегам?
-Алтанхотун, нигарон набошед, байни мову оғо чизе нест, танҳо як дафъа бо ӯ то саисхона чакар задам... ман барои худ як рӯъёҳое бофтам, аммо бовар кунед, чизе бештар аз рӯъё нест, ба Худо рост мегам...
-Боракалло, худа ай и аға дур бикаш, номи Худо, тура мисли муш базӣ мета ва да кунҷ мепартая. И аға ҳардамхаёл аста, у занои худа нига намекуна...меган ай мардо хушаш меая... туба...туба!
Хотун аз чоки гиребон борони туфро ба сари синаааш рехт ва нармии гушашро кашид.
-Омадани.. оғоро.. аз куҷо фаҳмидед? -пурсид Фаришта, ки ҳоло ҳам аз алам ҳиқ-ҳиқ мекард.
-Мадаршӯи ма нигаранат шуда, мега, и ғариба ашиқ шуда, мега, аға тура бадбахт мекуна.
-Нигарон набошед, Алтанхотун, байни ману оғо аз замин то моҳ роҳ аст, ман ҷойгоҳи худро медонам, оғо бо ман як лаҳза шӯхиву дилхушӣ карду ҳамон лаҳза аз ёд бурд. Дигар намеояд, ман медонам...
Ҳарфи охир Фаришта ноумедона буд, вале бештар ҳамчун хоҳиши “эй кош меомад” садо дод ва Алтанхотун фаҳмид, ки кори ин духтар аз насиҳат гузаштааст ва агар оғо ҳамин ҳоло сари роҳаш сабз шавад, худро ба оғӯшаш меафканад.
-Ай ма гуфтан буд, Фариштаҷан, он тарафаша ход данӣ.
Алтанхотун бегоҳ вазнин-вазнин қадам бардошта, аз пайроҳаи борик ба сӯи саисхона рафт, бо хотири парешон рафт, чанд дафъа ба ақиб нигоҳ кард, гӯё дудила буд, ки биравад ё баргардад. Аммо саранҷом роҳашро идома дод.
Фаришта монду модаршӯи Алтанхотун. Аҷуза хаставу заъиф менамуд, на чанг менавохт ва на табл мезад, неруе надошт, мисли латтаи обшӯста ҷинҷу овезон буд.

пешина
аз 473
навбатӣ