ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Хотун боре мегуфт, агар кампир бо ёронаш баҳс кунад, онҳо неруяшро мебалъанд ва ҳолашро табоҳ мекунанд то ҳарфашон ба кампир таҳмил шавад. Фаришта як ҳиссе дошт, ки аҷуза аз пушти ӯ ба ин ҳол афтодааст. Дилаш ба ҳоли аҷуза сӯхт ва дар ӯ хоҳише пайдо шуд, ки ҷисми кӯчаки кампирро ба оғӯш бигираду мӯйҳои хокистариашро навозиш кунад. Ин хоҳиш ӯро то пушти дарахти сада бурд, аммо ҷуръат надод, ки ба кампир наздик шавад. Ӯ дар такяи дарахт нишасту ба сурати беҷони кампур хира шуд.
-Бубахшед, ки бепурсиш омадам, - гуфт ӯ, - хостам бигӯям, ки ғами маро нахӯред, ҳамон тавр ки гуфтед, аз сарнавишт ҷойи гурез нест...
Кампир сарашро баланд карду паси пардаи хираи чашмони хастааш тавре ба Фаришта зул зад, ки гӯё ӯро бори аввал медид, сипас дасташро беҳолона бардошту ишора кард, ки “бирав”. Ӯ хир- хир садо мебаровард ва кафки сафед дар гӯшаи лабонаш баланд мешуд, гӯё дарди хафакон дошт.
Фаришта оҳиста аз ҷой бархост. Ин дам хир-хири кампир баландтар шуд, сараш ақиб рафту то шонаҳояш расид ва гардани борикаш ба андозаи тани як мурғи фарбеҳ вармосид.
Чун фирфирак ба чархиш даромад. Он қадр сареъ тоб мехӯрд, ки Фаришта саргиҷа шуд ва хаёл кард хона замину замон меларзад. Кампир ниҳоят ором гирифт ва аз гӯлӯяш ҳамон садои мардона берун омад.
-Аҳду паймон роҳи баргашт надорад, духтар...
Дили Фаришта аз ҳарос лағжиду то нуки пояш расид ва мӯй дар баданаш рост шуд, хаёлаш, ки пӯст аз танаш ҷудо мешавад. Ӯ аз кампир наметарсид, аз садои мардонае метарсид, ки аз гулӯи кампир берун меомад ва аз кобусҳое дар ҳарос буд, ки шабҳои девонагии аҷӯза дар шакли мардҳои ниқобпӯши ҷӯлидамӯ ба сари болинаш меооянд ва дар гирдаш чарх мезаданду ӯро ба рақс мекашанд.
-Ба ҳеҷ ваҷҳ, имшаб дар ин хона намехобам, - гуфту ба сӯи пайроҳае давид, ки соате пеш хотун аз он вазнин-вазнин қадам зада ба дидори шӯяш мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё