ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта дар роҳи санглох пешпо мехӯрду медавид ва ҳар дам ба пушти сараш нигоҳ мекард, гӯё касе ба думблаш буд. Аз рӯ ба рӯ шудан бо келинҳои Алтанхотун истиҳола мекард, аз ин рӯ дар сероҳаи байни саисхонаву молхона ва чарогоҳ ба самти хонаи сафед тоб хӯрд, ки дур аз бӯю тафти молхона наздик ба шипанги аспҳои зотии оғо ҷойгир буд.
Дар лаби ҳисор як ҷавонаки галабон дастонашро дар таёқи дарози сари шонаҳояш ҳамел кашида, ба дуриҳо менигарист ва оҳангеро замзама мекард.
Болиғ набуд, вале осори кӯдакӯ акнун аз чеҳрааш зудуда мешуд. Пашми нармаке дар гунаҳои офтобхурда ва пушти лаби арақкардааш чун гандуми баҳорӣ медурахшид. Ду дандони пешаш аз бузургӣ дар даҳони тангаш намеғунҷид ва азбас рӯ ба офтоб бо чашмони нимапӯш ва даҳони нимабоз тарона мехонд, ҳар кӣ ӯро аз дур медид, хаёл мекард, ки ҷавонак худ бо худ механдад.
-Салом, намедонӣ Алтанхотун куҷост?
Ҷавон, ки акнун ба авҷи таронаи худ мерасид, якбора дам ба дарун заду абрувони гандумрангаш аз тааҷҷуб боло рафтанд. Ӯ бо лабханди хиҷолатомез пушти сарашро хорид ва монанди мӯйсафедҳо ба таёқаш такя зад.
-Хотун он ҷост,- гуфт ва ангушти ишораро ба сӯи хонаи сафеди барҳаво баланд кард.
-Бигӯ биёяд, кораш дорам.
-Хонумҷон, то он хотуни чоқ ба ин ҷа мераса, ки рӯз бегоҳ меша, худут буру, осонтар ход буд.
Фаришта норозиёна абрӯ ба ҳам кашид.
-Аз кадом роҳ биравам?
-Аз дохили молхона.
-Роҳи дигаре нест?
-Чаро? Ҳаст, аммо дурат меша.
-Муҳим нест, роҳа бари ман нишон медӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё