ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Чаро не, я хонуми зебо аз мо кумак бхоҳаву мо на бигем, роша бирем, -лабханд зад писарак
-Он ҷо ба ҷуз Алтанхотун ва шавҳараш каси дигаре ҳаст?
Ҷавонак ҳиллагарона лабханд зад.
-Агар мехой бидонӣ, ки оғо он ҷост, мегам на, - ӯ рӯяшро тарафи дигар гардонд, то Фаришта хандаашро набинад.
Фаришта аз хиҷолат то баногӯш сурх шуд. Ҳадс зад, ки ин ҷавон бародари бузурги ҳамон писарест, ки ӯро бо оғо дар лаби ҳисор дида буд.
-Маро ба оғо чӣ кор! Ба хотун кор дорам. Ҷавони ҳозирҷавоб эҳсос кард, ки нохудогоҳ хонуми зеборо ранҷонд ва узромез гардан каҷ кард.
-Боша, ҳар чӣ шумо биген. Ӯ бо давр задани фермаи молпарварӣ Фариштаро то дами дарвозаи хонаи сафед, ки як табақаш боз буд, раҳбаладӣ кард.
-Кори дигаре надорӣ хонум?- ҷавонак сайъ кард дандонҳои харгӯшмонандашро зери лабҳои борикаш пинҳон кунад, аммо шайтон дар гарданаш савор буд, ки хандааш ҷӯш мезад ва аз чашму даҳонаш мерехт.
Фаришта хашмгин шуд, абрӯвонаш аз алам гирех заданд, аммо лаб зери дандон гузошт, то ҳарфи баде аз даҳонаш берун наояд. Ӯ пушт ба ҷавонак карду аз дари нимабоз ба ҳавлӣ даромад.
Бинои барҳавои яктабақа бо чаҳор панҷараи бузурги бо пардаҳои ҳарир ороёфта дар сояи дарахтони баланд воқеъ буд. Гулу гулзори рангорангаш аз ду обнамое баҳра мебардошт, ки дар ду тарафи ин ҳавлии начандон бузург, вале хеле бонизом фаввора мезаданд. Дар ин макон ҷонзоде ба назар намерасид ва хомӯшии атрофро “ку-ку-ку”-и қумриҳо халалдор мекард, ки аз нурҳои сӯзони офтоб ба шохаҳои сербарги дарахтон паноҳ мебурданд. Ғами сангине қалби Фариштаро фишурд, хонаи падар ба ёдаш расид ва гармои тамузу хониши қумриҳо.
Тобистонҳо вақте модару хоҳаронаш аз гармои нимарӯз ба хонаҳо салқин паноҳ мебурданд, Фаришта дар ҳавлӣ танҳо мемонд ва дар лаби ҳавз менишасту косаву табақҳои сурфаи наҳорро мешӯст ва ба садои ҳазини мӯсича гӯш медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё