ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Аз бозе, ки худро шинохт “ку-ку-ку”-и ин паррандаҳои беозор дар дилаш андуҳи бекасӣ ва ноилоҷиро бедор мекард, махсусан солҳои охир, ки хонаи бузурги падар барояш танг шуда буд. Ӯ ба хониши паррандаҳо гӯш медод ва ба қадамҳои беовоз ба айвони баланди хонаи сафед наздик мешуд.
Аз пой гузоштан ба маконе, ки оғои аспбоз соатҳои умрашро дар он сипарӣ мекунад, ҳаяҷонӣ мешуд, мисли он рӯз, ки оғо ба рӯяш бӯса зад.
-Алтанхотун, - садо кард ӯ ва каме дуртар сабурона омадани хотунро интизор шуд. Аз хотун дарак набуд. “Шояд дар саисхона бошад?” аз дил гузаронд Фаришта ва дасташро дар пешона соябон карду ба сӯи шипанги баланд, ки якчанд нафар дар паҳлуи дарвозаи бозаш хирманеро бод медоданд, нигоҳ кард. Шипанг холӣ менамуд ва шиҳаи аспҳо аз сӯи чарогоҳ баланд мешуд.
-Чит шуда, Фариштаҷан, ту иҷа чӣ кар мекунӣ?
Алтанхотун тани сергӯшти худро аз дари утоқи нишеман, ки ба далеле намехост пурра бозаш кунад, базӯр берун кашид ва норозиёна ба Фаришта нигоҳ кард.
-Хайру хайрият аст?
Хотун дар тан пероҳани нафиси остингушод дошт, ки синаҳои бузурги то ноф овезонашро намоиш медод. Як почаи шалвори чаппа пӯшидааш болотар аз зонӯ дармонда, банди шалвораш намоён буд. Фаришта хотунро ҳеҷ гоҳ бе тоқичаи пӯпакдор, ки ангор, дар сараш сабзида буд, тасаввур намекард ва ҳоло ба сари урён ба мӯйҳои сиёҳу сафеди ӯ, ки то думбаи бузургаш мерасид, бо ҳайрат менигарист. Гунаҳои сергӯшти хотун аз сурхӣ барқ мезаданд.
-Туро Худо, хонумҷон, ман аз танҳо мондан бо модаршӯи шумо метарсам, - гуфт Фаришта узрхоҳона, ки дарк мекард, бемавқеъ музоҳими хотун шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё