ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Чӣ шуда, ба мадаршӯи ма?
Намедонам... чарх мезанаду ғаш мекунад, кафк аз лабонаш мерезад ва бо ҳамон садои мардона ҳарф мезанад, заҳракаф шудам. Хоҳиш мекунам баргардед, маро танҳо нагузоред. Фаришта боэҳтиёт аз канори гулҳо убур карду ба долон наздик шуд. Дилаш мехост хотун бигӯяд, ки “бошад, инҷо бимон.”
-Ахи, чара метрасӣ? Мадаршӯи мара хо меданӣ, ӯ ҳиҷ гаҳ ба ту осиб намерасана. - хотун акнун мутаваҷҷеҳи сару либоси худ шуд ва гиребони пероҳани ҳарирро, ки чокаш то сари синааш мерасид хиҷолатомез дар мушташ фишурд.
Фариштаро ба дохил даъват накард, худаш даст рӯи зону лангида аз зинаҳои начандон баланд якто-якто поён фаромад.
-Ма ага хана бурам аға сарум қор меша, номи Худо буру, я камак сабур баш, аспи аға зайуман кад, ма худум хана мерам, баша, ҷани ма? - гуфт ӯ бо оҳанги илтиҷо.
-Буру, хайр аст, бачем...буру Фаришта аз меҳмонбезории хотун, ки мехост ӯро ҳар чӣ зудтар аз ин хона берун кунад, нороҳат шуд, аммо чорае надошт, ба ҷуз ин ки бигӯяд “бошад” ва аз ҳамон роҳи омадааш пас гардад.
Аҷала надошт, мехост дертар баргардад то аҷуза бехуду беёд шавад ва дигар оламу одамро нашиносад.
Аз дами дарвоза ба сӯи дашти сабз, ки аз дурӣ чун баҳр мавҷ мезад, нигоҳ кард. Галаи аспҳои оғо аз нурҳои офтоб ба сояҳо паноҳ бурда, рӯи по ғанаб мерафтанд ва кураҳои ширмасти онҳо дар зери пойи модарони худ рӯи майсазор ғел мезаданд. Дар ин гармои тафсон, дар ин дашти сабз, танҳо як нариён аз пушти модиён медавид ва болои он хез мезад. Модиён ҳавои бозӣ дошт, ки аспи нарро аз паси худ ба дуриҳо мебурд, манъ мешуду тани арақкардаи ӯро бӯй мекашид ва баъд ногаҳ аз ҷой ҷаҳида, ба сӯи дашти бекарон фирор мекард. Аспи нар ду бор фиреб хӯрд, вале бори сеюм, дигар аз ҷой наҷумбид, каме аз паси модиён нигоҳ карду сипас ба гала баргашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё