Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Галабонҳои ҷавон бо истифода аз оромиши аспҳо рӯи сабзаҳо дароз кашида, мегуфтанду механдиданд. Танҳо галабони пир дар такяи бед най менавохт ва гоҳ-гоҳ навозишро қатъ мекарду пашшаҳои хираро аз сару рӯяш меронд.
Навои ҳузнангези най гоҳо дар зери хандаҳои осмоншикофи писарони ӯ, ки бинии бародари пинакрафтаи худо бо хасе мехориданд, гум мешуд.
Роҳи Фаришта аз канори ҳамон ҳисоре мегузашт, ки бо оғо “чакар” зада буд. Ӯ огоҳона ба ҳамон макон омад ва ларзиши гувороеро дар танаш эҳсос кард, хам шуду сар ба лаби ҳисор гузошт, ба ҳамон ҷойе, ки оғо такя мезад. Хаёл буд ё воқеъият, ки ин макон бӯи атри оғоро ба машомаш расонд ва ӯро махмур кард. Ин дам аспе аз галаи аспҳои ғунуда сар бардошту шиҳа кашид ва дав-давон ба сӯи ҳисор шитоф. Асп дар фосилаи кӯтоҳ манъ шуда, фукашро баланд карду ҳаворо бӯй кашид. Ин ҳамон аспи ошно буд.
-Шабдиз, маро шинохтӣ? Қурбони зеҳнат шавам, пешам биё, наздиктар биё.
Фаришта аз дидани асп он қадр шод шуд, ки гӯё, соҳиби аспро дида бошад.
-Ман мисли оғои ту қанд надорам, аммо ба мӯйҳои зебоят шона мезанам, биё ҷонам.
Асп гӯё забони Фариштаро мефаҳмид, ки ду қадам пеш гузошт ва нафаси гармаш бо бӯи алафи тар ба рӯи Фаришта зад.
Ӯ даст ба пешонаи қашқаи асп бурд ва ёлҳои чун шаб сиёҳашро сила кард, ин навозишҳо ба асп форид ва оҳиста сар ба китфи Фаришта гузошт. Ҳавои гарм аз сӯрохиҳои бинии асп фаввора мезад ва зулфҳои Фариштаро парешон мекард. Асп забони аз алаф сабзшудаашро берун бароварду гардани Фариштаро лесид. Дили Фаришта аз ин меҳрубонӣ об шуд.

пешина
аз 473
навбатӣ