ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Азизам, ин дилбариҳо аз кӣ омӯхтӣ, аз он оғои сияҳмӯи бевафо? Ӯ бо дасти чап сари аспро бағал кард ва бо дасти рост ба ёлҳояш панҷа зад. Асп бо чашмони нимпӯш нафас мекашид ва гардани Фариштаро нам мекард. Ҳарду мисли ду ошиқи ба васл расида асири ин оромиш буданд.
-Ай хиёнаткор, чӣ тур тонистӣ, лаб ба зулфҳои маъшуқаи ман бизанӣ?
Асп садоро шинохт ва Фариштаи аз ҳаяҷон шах шударо тела доду бо гӯшҳои сих ва чашмони аз ҳайрат бузург соҳиби овозро ҷӯст. Оғоро диду аз шодӣ ба рақс даромад, сарашро то зонувонаш хам мекарду ба чаҳор по сумбак мезад ва нимтаъзим дар гирди худ мечархид. Билохира қоматашро рост карду пештар омад ва пӯзаашро ба ҷойби соҳибаш дароз кард.
-Буру, буру, ту дига дӯсти ма нестӣ, - оғо вонамуд мекард, ки озурдахотир шудааст ва дастҳояшро зери бағал, аз Шабдиз рӯ метофт. Асп ҳам дилбарӣ мекарду пеш меомад ва сар ба бозувони соҳибаш мемолиду манаҳи ӯро ба сӯи худ мечархонд.
- Сайъ ку, Фаришта, ту мегӣ ишқ фурӯхта намеша.
Инами калак уштук буд, ки ма бузургуш кадум, ина ба хотири ту ба ма осон хиёнат кард. Агар зуд намерасидам, ном Худо, намедонам, и бо ту чӣ мекад. Оғо чашмак заду баланд хандид. Асп аз хандаи баланд нарамид ва ҳамоно сумбак мезаду мисли раққосаҳои тӯйгард таваҷҷуҳ мехост.
Саранҷом дили сахти оғо нарм шуду сари аспро бағал кард.
Ӯ дар бар пероҳану шалвори сабуки ҳошияааш зарҳалӣ дошт, шабеҳи либоси домод дар шаби висол. Кафшҳои нармаш низ барои гардиши ҷодаи санглох муносиб набуданд.
Боварат меша, хоб будам, ки садое дар гӯшам гуфт, буланд шу, маъшуқат дар лаби ҳисор аст. Тасодуфӣ омадам, и сару либоса мебинӣ? Оғои олуфта хам шуда, почаи шалвори сафедашро аз алафҳои ҳарз, ки келинҳои Алтанхотун ҳар рӯз аз ин пайроҳа дар эзорҳои худ ба хона меоварданд, тоза кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё