ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Баъд чанд бор пой бар замин куфту гарди кафшҳояшро афшонд.
-Гуфтам биравам давоми хобама бо ту бубинам... - гуфт ва Шабдизро, ки сараш аз сӯрохи девори чӯбини ҳисор берун оварда, мӯйҳои фирфирии соҳибашро “мечарид”, бағал кард ва аз пушти сари асп ба Фаришта нигарист.
Нигоҳи бараҳнааш дар ҳайкали нозуки духтар сайр мекард, ханда аз чеҳрааш дур шуд, лабаш дар зери дандонҳои сефед фишор мехӯрд. Ӯ нохудогоҳ аспро аз худ дур карду Фариштаро пеш кашид ва аз ҷабинаш бӯсид.
-Дилам барот танг шуда буд... қашанги ман...
Фаришта оғоро танҳо дар рӯъёҳо бағал мекард ва ҳоло аз эҳсоси гармии лабони ӯ дар пӯсташ нафасгир шуд. Қалбаш аз қафаси сина берун ҷаҳида, гоҳ дар гулӯяш метапид ва гоҳ дар шикамаш пар-пар мезад, ангор мехост ин хабари шигифтангезро ба ҳар гӯшаи танаш бирасонад. Сухани оғо дар гӯши ӯ чун пажвоки тӯлонӣ дар кӯҳҳо овоз медод, дур мешуду дубора бо садоҳои такрорӣ бармегашт, гӯё як ҷумла набуд, як дунё ҳарф буд.
-Хонуми сангиндил, ҳеҷ бар ман фикр кардӣ? Оғои қадбаланд хам шуду чонаи духтарро бо ду ангушт бардошт ва дурудароз ба чашмони ӯ нигоҳ кард.
Чашмони Фаришта вулқони ҷӯшонро мемонд, ки шарораҳояш гунаҳои ӯро дар кураи оташ месӯзонд. Гулбарги лабонаш аз ҳаяҷон меларзид ва шавқи оғоро ба туғён меовард. Ашки шавқ дар ҳавзи чашмони Фаришта ҳалқа мезад ва гунаҳояш ранг мебурданду ранг меоварданд. Дилаш мехост оғоро ба оғӯш бигирад ва дар гӯшаш бигӯяд: “Он ҳама шабҳо, ки то субҳ тасвири хаёлиятро мебӯсидам ва сар ба синаи ҳавасҳои ботил мегузоштам, ту куҷо будӣ?». Аммо ҳарфе ба забон наовард ва чашмони худро дар зери раддаи мижгонҳои махмалин пинҳон кард.
Оғо ногоҳ ба манаҳи Фариштаро раҳо карду як қадам ақибтар рафт, аммо ҳамоно аз ӯ чашм намеканд, гӯё андешаи муҳимме ба зеҳнаш омада буд ва агар чашм аз рӯи Фаришта бардорад, риштаи андешааш гусаста мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё