ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ӯ ду ангуштро ба даҳон гузошту ҳуштак кашид. Писарони галабон, ки ҳарсе мисли аскар якбора аз ҷой баланд шуданд. Оғо ба онҳо чӣ ишорае кард.
Писари хурдии галабон сареъ аз ҷой ҷаҳида, ба сӯи саройи гӯшаи ҳисор давид. Мӯйсафед ҳам лаб аз най бардошту аз ҷой нимхез шуд, то мутмаин шавад, ки писараш амри оғоро дуруст иҷро мекунад. Баъди чанд лаҳза писарак як зини нарми чармӣ ва қоличаи махмалин дар бағал майдони аз суми аспҳо шудгоршударо дав-давон убур кард.
Гунаҳои пур аз доғи магасаки ӯ аз давидан сурх шуда, арақ аз лобалои мӯйҳои гандумрангаш ба абрувонаш саросер мешуд.
Аммо кори худро балад буд, қолинчаи нармро аз зери зин ба пушти асп партофт, сипас тасмаҳои чарминро таранг кашид ва лаҷомашро дар чӯби барҷастаи лаби ҳисор баст.
- Хизмати дигаре нест, сайиб? - гуфт ӯ ва даст рӯи сина нимтаъзим кард.
Оғо ба ҷайби пероҳани писарак ду се танга гузошт ва ишора кард, ки биравад. Писарак аз шодӣ пар парзанон ба сӯи бародаронаш медавид ва раҳ ба раҳ даст ба сари сина мебурд, ки мабодо инъоми оғо аз ҷайбаш наафтад.
-Мехоҳӣ Шабдизро саворӣ кунӣ? - пурсид оғо ва ҷилави аспро, ки аз шодии гардиш бо соҳибаш хурупуф мекард ва дари бастаи ҳисорро бо исрор тела медод, ба даст гирифт.
Дили Фаришта аз шодӣ гум зад. Духтари шармгину бо иффат, ки аз сайри кӯча бо сояи худ истиҳола мекард, акнун парвои одаму олам надошт, ҳатто ба сӯи молхона, ки шабаҳи келинҳои Алтанхотун гоҳ-гоҳ дар саҳни он зоҳир мешуд, нигоҳ накард ва ба сӯи Шабдиз қадам бардошт. Ин мард он чунон нуфӯзе рӯи Фаришта дошт, ки агар ӯро ба ақсои олам фаро мехонд, бе ҳеҷ тардид ба думболаш мерафт.
Ӯ домани васеи пероҳани кучиашро каме боло бардошт, лагомро аз дасти оғо гирифт, пойи чап бар рикоб гузошта, дар такяи зин хез зада ба асп нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё