ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Даҳони оғо аз тааҷҷуб боз шуд.
Фаришта солҳо аспҳои зотии аз бобои номдораш ба мерос мондаро нигоҳубин мекард, курраҳои онҳоро ба воя мерасонд ва пинҳон аз назари падар ҳамроҳи хоҳаронаш аспҳоро зин мезаду дар ҳошияи боғи бузург соатҳо саворӣ мекард, он қадр ки “дабба” мешуд ва лангида роҳ мегашт.
Ӯ бо эътимод рӯи зин нишасту лаҷоми Шабдизро суст кард ва бо кафи даст оҳиста ба гардани асп зад, ки ҳаракат кунад. Аммо асп аз ҷой наҷумбид ва сарашро чархонду ба соҳибаш нигоҳ кард.
-Буру ҷигар, ту чӣ фикр кардӣ? Магар ман метавонам ин хонуми мақбулро ба ту бисупорам? - бо ханда гуфт оғо ва аспро ба пеш тела дод. Сумҳои наълзадаи Шабдиз ба сангҳои ҷодаи ноҳамвор бархӯрда, монанди кафши пошнабаланди зани шабгард дар кӯчаи сокит туқ-туқ садо баровард. Асп ба раҳбалад ниёз надошт, роҳро аз ёд медонист, ин пайроҳа ё ба меҳмонхонаи оғо мебурд, ё ба дашти бузург, ки доманаш аз лаби ҳисор оғоз мегирифт.
Шабдиз аз паҳлуи молхонаву саисхона убур мекард ва ба замини чарогоҳ, ки алафҳои дадонзадааш чун пати гилеми обшӯста пасту баланд буданд, қадам мегузошт. Аспҳои дигар Шабдизро аз дур дида, сумбак заданду шиҳа кашиданд.
Писарони галабонро ҳиси кунҷковӣ боло мегирифт, онҳо гоҳе аз пушти аспҳо калла мекашиданд ва маънидорона ба якдигар нигоҳ мекарданд. Оғо по ба пойи асп қадам мезад ва гоҳе пушти ӯро навозиш мекард, то ногаҳон бузраг нашавад ва саворро дур наяндозад. Аммо аз ҷасорати духтар, ки лаҷоми аспро суст карда бо итминон рӯи зин менишаст, тааҷҷуб кард.
Фаришта аз баландии зини асп ба атроф менигаристу вуҷудашро васвасаи махмуркунандае фаро мегирифт, худро шоҳдухтари афсонавӣ мепиндошт, ғуссаҳояш ангор дуд шуданду ба осмон рафтанд ва дасти бадбахтиҳо, ангор, дар ин баландӣ ба доманаш намерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё