ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғоро дар паҳлуи худ медиду дилаш аз шавқ боғ-боғ мешукуфт, на насиҳати Алтанхотун ба гӯшаш мерасид ва на таъкидҳои хола Наврӯз, на чеҳраи баҳмутии Маҳвашро медид ва на чашмони пур аз ҳиллаи Зарандудро, шабеҳи гурги гурусна, ки на аз ҳайбати чӯпон метарсид, на аз саги чӯпон.
Ногоҳ дар зеҳнаш тасвире пайдо шуд, ки ин ҳолатро дар гузашта аз сар гузаронидааст ё дар китобе хондааст ва давоми ин мулоқоти ногаҳониро медонад. Дилаш аз пешомади гуворое ба бозӣ даромад.
Фаришта савораву оғо пиёда қад қади ҳисор хеле роҳ рафтанд. Галаву галабонҳо пушти сар шуд, молхона дар пасманзари ин дашти бузург чун кулбаи деҳотиён назарногир менамуд. Дар ин дашт ҷонзоде ба назар намерсид, танҳо гоҳе галаи аспҳои даванд чун бод аз фосилаи наздик мегузашт ва Шабдиз манъ мешуду гарданашро баланд мекард, ҳаяҷонӣ мешуд, шодона шиҳа мекашид ва дурудароз аз паси аспҳои бодпо нигоҳ мекард. Оғо аспро навозиш мекард ва гоҳо гӯё тасодуфӣ даст ба ронҳои Фаришта мебурд, дар чунин мавридҳо духтар дар кураи оташ печутоб мехӯрд, нафасгир мешуд ва худро басахтӣ дар рӯи зин нигаҳ медошт.
-Духтар, ту ба ин содагие, ки менамоӣ, нестӣ, аспсаворӣ аз кӣ омӯхтӣ? - Оғо аз лаби рӯсарии Фаришта кашид. Мавҷе аз гесувони хам андар хам монанди обшор аз пушти Фаришта ба поён рехт ва бо думи сиёҳи Шабдиз даромехт.
Фаришта ба парии обие монанд шуд ки бо аспи сиёҳ ва гесувони мушкбез аз кафки дарё баланд шудааст. Оғо аз ин тасвир чашм намеканд, ин зан дар ӯ шавқу шӯреро бедор мекард, ки лаззаташро солҳо боз начашидаст. Хонумҳои хонадонаш якрангу хастакунанда буданд ва дар ӯ эҳсосеро ба ҷуз таассуф бедор намекарданд. Яке пулу мол мехосту яке ҷойгоҳ, яке дар нашъа ғарқ буду дигаре дар рашку ҳасад. Ин ҳама ӯро хаста мекард. Ӯ моҷаро мехост, моҷарои ошиқона, ки тану ҷонашро дар тобаи шавқ бисӯзонад ва нолаҳои шаҳвонияшро то осмон бардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё