Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шабе, ки қочоқбарҳо Фариштаи ҷӯлидамую лойолудро дар рӯ ба рӯяш қарор доданд, ӯ ҳатто наметавонист тасаввур кунад, ки рӯзе ин зани ғариба қалби яхзадаи ӯро ба тапиш медарорад.
Ба тасвири ин парии дарёи хира мешуд, аммо барои ком ситондан аз ӯ шитоб намекард, мехост ӯро ба шӯр биёрад, дар оташи ишқ обаш кунад, нафасҳояшро дам бикашад ва чун хун дар рагҳояш ҷорӣ шавад.
Оғо ногоҳ лаҷоми аспро кашиду Шабдизро манъ кард, гесувони Фариштаро аз пушт ба пеш партофту бо як ҷаҳиш худро ба пушти асп гирифт ва тани доғаш ба пушти Фаришта часпид. Вой, ин чӣ оташ буд, ки сар то пойи Фариштаро сӯзонд! Хаёлаш пӯсту устухонаш сӯхт, комаш хушк шуд ва эҳсоси ташнагии тоқатфарсо вуҷудашро фаро гирифт.
Лаҷоми асп аз дасташ рафт ва ӯ бехудона ба синаи оғо такя зад. Оғо дастонашро дар камари ӯ ҳалқа кард ва аз баногӯши сафедаш бӯсид. Нафасаш он чунон доғ буд, ки Фаришта хаёл кард пӯсташ хокистар шуду гардаш ба ҳаво печид. Оғо бо ташнагии як мусофир, ки шабро дар биёбони хушк рӯз кардааст, лаб аз баёзи гардани Фаришта барнамедошт ва панҷаҳояш аз даври камари духтар ба сӯи синаҳои дамидаи ӯ мехазиданд. Он қадр ба ҳам часпиданд, ки ангор як тану як ҷон шуданд.
Шабдиз гӯё бори пурарзиши ишқро дар пушт эҳсос мекард, ки оромонаву боэҳтиёт пеш мерафт ва лагоми ба замин овезонаш алафҳои ҳарзро ба думболи худ мемебурд.
Асп гоҳ-гоҳ тупаки алафҳоии сабзро медиду иштиҳояш боло мегирифт, аммо манъ намешуд, ба алафҳо даҳон мезаду роҳашро идома медод.
Хеле роҳ рафт, шояд ним соат ё бештар, ниҳоят ин ду танро, ки мисли гули ишқи печон дар ҳам сабзида буданд, ба сояи як дарахти бузург овард. Ба чатр монанд буд он дарахт ва сояи ғафс дошт. Хеле куҳансол буд. Аз куҷое садои резиши об ба гӯш мерасид.

пешина
аз 473
навбатӣ