Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Асп мисли худраве, ки мусофиронро ба истгоҳи охир мерасонад, дар сояи ҳамон дарахт манъ шуд ва дигар аз ҷой наҷумбид. Селаи паррандаҳои хурду бузурги дар лобалои шохаҳо пинҳон, бо дидани аспу саворонаш хонахез ба ҳаво париданд, Шабдиз рамиду каме канор рафт, аммо саворонашро дар пушташ нигоҳ дошт.
Чамани дилкушое буд яклухту якнавохт, мавҷ мезаду чашмро мебурд. Дарахт он қадр пир буд, ки решаҳои урёнаш мисли зани аз шавҳар бедил худро аз оғӯши ӯ дур кашида, ба сари худ мезистанд. Оғо аз асп пойин шуду Фариштаро, ки бо гесувони печ дар печ, чашмони чун оҳуи рамида, мижгонҳои хамида ва пусти чун булур сафед, шабеҳи парии хобида буд, рӯи махмали сабзаҳо нишонд.
Дили Фаришта аз ҳаяҷон метапид ва танаш аз эҳтимоли навозишҳое, ки ҳеҷ гоҳ надидааасту начашидааст, гоҳ оташ мегирифту гоҳ сард мешуд. Дунё дар назараш ба андозаи ҳамин дашти сарзабз хурд шуд, ки дар он ба ҷуз ӯ ва ишқаш каси дигар набуд. Танҳо насими форам буд, ки гесувони сабзи даштро парешон мекард ва хуршед буд, ки аз лобалои шохаҳои дарахти пир бо сад ранг ҷило медод. Ва чашмони зебои оғо, ки аз оташи шавқ медурахшиданд.
-Хонуми тоҷикӣ, ту бо ма чӣ кадӣ? Мара ҷоду кадӣ?
Ҳама ҷо чашмои мақбули тура мебинум, дилам ба думболат мера...ма, и рақамӣ набудум. Ту чӣ дорӣ, ки ма тура набинум, рӯзум сиёҳ меша?
Фаришта пушт бар оғо нишаста буд ва чеҳраи ӯро намедид. Дилаш аз меҳрубониҳо ин мард, ки маълум набуд чӣ замоне шӯхӣ мекунад ва чӣ замоне ҷиддӣ ҳарф мезанад об шуд. Ӯ рӯ ба оғо оварду дастонашро дар гардани ӯ ҳалқа кард ва ба шонаҳои доғаш сар ниҳод. Нохудогоҳ гиряааш омад.
-Азизам, чаро гиря мекунӣ? Магар ма ҳарфи баде гуфтум? Фаришта бо аломати инкор сар такон дод ва ҳалқи дастонашро даври гардани ӯ тангтар кард.

пешина
аз 473
навбатӣ