ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оғо оҳиста рӯи сабзаҳо дароз кашид ва духтарро ҳам ба думболаш бурд.
Ҳарду ҳамоғӯш шуданд, чун гулҳои ишқи печон. Оғо ашкҳои Фариштаро бо лаби патуи даври гарданаш пок кард ва лаб ба барги забони гулобиаш гузошт.
Бӯсае буд тӯлонӣ ва мадҳушкунанда. Фаришта он қадар сархуш шуд, ки дигар заминро аз осмон фарқ намекард Тани барангехтаи ӯ чун мор дар бадани оғо мепечиду метапид, майлу хоҳишҳои ҷинсӣ, ки солҳо дар худ саркӯб мекард, чун ҷин аз кӯза берун мешуд ва пардаи шарму ҳаёро медарид.
Оғо тугмаҳои пероҳани Фариштаро як-як боз кард, шалворашро низ бадар овард ва ба синаҳои чун шир сафедаш бӯса зад, дар пайи ҳар бӯса гули лола мешукуфт. Ҳарду ба сарҳади мадҳушӣ расиданд ва тани оташгирифтаи онҳо дигар тоқати дурӣ надошт, мехостанд дар якдигар гум шаванд, яктану якҷон шаванд. Оғо пероҳанашро кашиду зери сари Фаришта гузошт ва чунон ки Шабдизро саворӣ мекунад, худро болои Фаришта гирифт.
Фарёди ҳарду селаи мурғонро дубора ба ҳаво баланд кард.
Оғоро дар сари зонуи Фаришта хоб бурд. Фаришта мӯйҳои фирфирии ӯро бо ангуштонаш шона мезад ва хам мешуда аз лабони нимабозаш мебӯсид. Лабҳои оғо маззаи асал дошт. Фаришта ҳеҷ гоҳ ба ин андоза хушбахт набуд.
Ангор, дунёро ба ӯ доданд. Ӯ чашм аз рӯи оғо намеканд, рӯю мӯй, мижаву абрӯ, ҳамаро мебӯсид, ҷойи набӯсида намонд.
Дилаш мехост замон мутавақиф шавад ва ақрабаки соати оғо дигар чарх назанад ва ҳарду якумр дар ин макон дар канори якдигар бимонанд.
-Гули нози ман...
Оғо сар аз зонӯи Фаришта бардошту аз ҷабинаш бӯсид.
-Ма қасрҳо дорам, даҳҳо бистари пари қӯ дорам, аммо нармтару роҳаттар аз канори ту ҷойе надидам. Онҳо дубора ба ҳам даромехтанд ва хаставу лакот хобашон бурд то офтоб рӯ ба ғурӯб овард ва шафақ чун гунаҳои Фаришта лолагун шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё