Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят оғо аз ҷой бархост ва дар ҷустуҷӯи Шабдиз ба чапу рост нигоҳ кард. Аспро надиду баланд ҳуштак кашид.
Шабдиз дар гузаргоҳи аспҳои ваҳшӣ машғули чаро буд, гоҳо садоеро мешуниду гӯшҳояш сих мешуданд ва ба тарафи роҳи убуркардаи галаи бесоҳиб шиҳа мекашид. Садои ҳуштаки соҳибашро шуниду бо дили нохоҳам ба зери дарахт баргашт.
Оғо аспро дар шохаи хамида дарахти пир тавела кард.
-Як камаки дига сабур бош ма и хонуми зебора лаби об бубарам, - гуфт ӯ ва сару рӯи Шабдизро навозиш кард.
Фаришта дасти ба сӯяш дарозкардаи оғоро гирифту аз ҷой бархост. Ҳарду ба сӯе рафтанд, ки садои резиши об аз онҷо баланд мешуд. Ҳавзе буд софу покиза, ки мисли дег меҷӯшид ва регҳои қаъраш ҳубобвор дам мекарданду мекафиданд. Дар ин мавзеъ на рӯдхонае буд на обшоре ва садои резиши об аз гӯшаҳои ин ҳавзи “ҷӯшон” баланд мешуд. Бораҳояш суда шудаи ҳавз обро ба замин мерехт ва ҷӯяи борик мекашиду ба ким куҷое мебурд.
Дар фарози ҳавз ду дарахти бе баргу боре буд, ки дар шохаҳои мисли ангушти гирифтори тарбод каҷукилеби онҳо, садҳо риштаи рангоранг ва пораҳои матоъ алвонҷ мехӯрд.
-Ин ҷо мазор аст? - пурсид Фаришта бо ҳарос.
-На хайр, и гармчашма аст, меган авуш муъҷиза дора, нигарон набош, ман полут истод мешам. Оғо Фариштаро рӯи даст бардошту то байни ҳавз бурд ва чун моҳӣ ба об сар дод.
Фаришта бо бадани чун ширмоҳи сафед ва гесувони чун шаб сиёҳ дар оби софи ҳавз, ки то гулӯяш мерасид, ғӯта мезад ва оғоро мафтун мекард. Оғо ӯро бағал мекарду мебӯсид, ҳарду аз якдигар серӣ надоштанд.
Офтоб ғурӯб карду атроф оҳиста торик шуд. Фаришта дарк мекард, ки ин афсона дар ҳамин ҷо ба охир мерасад ва ӯ мисли духтари шоҳи париён дубора ҷомаи қӯ ба бар мекунад ва ба сӯи ғамкадаи худ бол мезанад. Дурӣ аз оғо дарде буд тоқатфарсо ва Фаришта ин дардро басахтӣ таҳаммул мекард.

пешина
аз 473
навбатӣ