Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмонаш нам кашиданд.
Ҳарду аспсавор хомӯшона ба ҳамон лаби ҳисор баргаштанд.
-Худо ҳофиз, гули нози ман, фардо баъди зуҳр да амиҷа интизорут мешам,- гуфт оғо ва аз ҷабини Фаришта бӯсиду ба сӯи хонаи сафед равона шуд. Фаришта нахост рафтани оғоро бубинад, ӯ сарашро пойин андохту ба сӯи хонаи Алтанхотун рафт. Шонаҳояш сангин шуданд, гӯё бори ғами дунёро дар дӯш дошт. Дар фосилаи ду қадам аз оғо зиндагӣ дар назараш бемаънӣ шуд.
Роҳи кӯтоҳро хеле тӯлонӣ тай кард ва замоне, ки билохира пой бар остонаи хонаи хотун гузошт, моҳи комил нурҳои чун шир сафедашро бар ҳаёт ва тахти аҷӯза мерехт.
Кампир чун ғуки дар об афтода бо шиками урёну зонуҳои беҷон масти хоб буд ва танҳо як чашми нимабозаш чун мурдоби тира дар рӯшноии мохтоб медурахшид.
Фаришта аз паҳлуи тахти ӯ ба шиддат рад шуд ва ба ҳуҷра даромаду дарро аз пушти худ баст. Гурусна буд, аммо майли ғизо надошт, мехост зудтар сар ба болин гузорад, ҳодисаи имрӯзро аз аввал то охир ба ёд биёрад ва чун одами парҳезшикан ин ғизои музирро пинҳон аз назари дигарон биошомад.
Дар ин ҳуҷраи торик, ки нури моҳтоб танҳо девори рӯ ба панҷараро рӯшан мекард ва сояи барги дарахтон чун панҷаи тифли навзод дар девор беназм такон мехурд, Фаришта хушбахтарин лаҳзаи зиндагиашро ба ёд меовард. Лабони аз бӯсаҳои беҳисоб варамидааш моил ба табассум буданд, аз ҳар ҷойи баданаш бӯи оғо баланд мешуд ва дар ҳар ҷойи баданаш гармии дастони ӯро эҳсос мекард. Хобаш намебурд, мехост имрӯзро дубора зиндагӣ кунад. Ҳар қадар ҷузъиёти он рӯзро ба ёд меовард, ба ҳамон андоза васвосиву ҳаяҷонӣ мешуд:

  • Дорам девона мешавам ё моҳи комил маро гирифтори ҷунуни қамарӣ мекунад?
пешина
аз 473
навбатӣ