Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Алтанхотуни моту маҳбут аз мӯйсафед чашм намеканд ва оташи таги дегро бо аловшӯр берун мекашид, ки зирбак насӯзад.
Фаришта бехудона ба самти об давид ва дастони дар равғани доғ сӯхтаашро, ки ҷойе пусткандаву ҷойе чун ҳубоб дамида буданд, ба тағораи пуроб ғутонд ва ҷонашро аз шиддати дард роҳат кард. Баданаш аз шиддати қаҳру ғазаб меларзид.
-Хонаат бисӯзад, пирхари беҳаё, илоҳо рӯзи хушро набинӣ, илоҳо ҷисми палидат хӯроки зоғу заған шавад! - ба садои баланд Ҳишматуллоро дуои бад мекард ӯ.
Аҷуза чашм аз Фаришта намеканд ва ба манзури “бигзор гуфти ту шавад”, сарашро такон медод.
Фаришта шлангро боло бардошту даҳони хунолудашро обгардон кард ва фаввораи обро ба сараш рехт, хаёлаш ин ҳама об қудрати шустанди нақши дастони касифи Ҳашматуллоро надорад. Ӯ ба дасту рӯяш собун мезад ва ба худ мегуфт:

  • Эй кош, чашмро ҳам бо собун шуста мешуд то чеҳраҳои манфурро ки зеҳнатро озор медиҳанд дигар набинӣ!
    Алтанхотун аз саҳнаи дар ошхона дидааш ҳанӯз ба худ наомада буд ва “туф-туф” мегуфту гиребони тавбаро сар намедод. Бовараш намеомад, ки ин ҳодиса дар хонаи аз назарҳо пинҳони ӯ рух додааст. Хотун мӯйсафедро ба ҳоли худ гузошту барои Фаришта сарчоқу пату овард, ӯро базӯр зери об берун кашиду патуро дар китфонаш андохт.
    -Биё духтарам, иҷа бишин, и чойи даға бигӣ, ки сардут меша, мариз меши- гуфту ӯро дар гӯшаи кат нишонд.
    -Фариштаҷан, ма и адама куҷайе дидам, амма ядам намеяд, ту ира мешнасӣ ?
    -Оре, мешиносам, кокои Гулоғо аст... Тарсу ҳароси Фаришта акнун ба хиҷолат табдил мешуд. Ӯ дар бораи шилқиниҳои коко ба Алтанхатун нақл кард. Кампир аз баҳаёии мӯйсафеди ҳаштодсола дар шигифт монд.
пешина
аз 473
навбатӣ