Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хост ба ақиб нигоҳ кунад, аммо дасти мардонае ӯро аз пушт ӯро сахт бағал карду ба думбааш часпид ва синаҳояшро дар кафҳои сангинаш фишор дод. Кафлез аз дасти Фаришта ба дег афтид ва равғани тафсон дастонашро сӯзонд. Ӯ аз дард чунон фиғон кашид, ки овозаш ба дуриҳо рафт. Ҳар қадар худро канор мекашид, он мард ба ҳамон андоза ба думбаи ӯ ҷафс мешуд ва бо як даст синаҳояшро мефушурду бо дасти дигар шалворашро поён мекард.
Фаришта бо тамоми неру ӯро тела дод ва худаш аз болову он мард аз зер ба кунҷе ғелиданд. Он мард ду пояшро дар камари Фаришта ҳалқа кард. Тунд тунд нафас мекашид ва туфаш ба ҳар тараф мепарид. Фаришта дар талвосаи раҳоӣ бо тамоми неру банди дасти ӯро гоз гирифт, он чунон маҳкам, ки даҳонаш шӯр шуд ва фаввораи хун ба рӯяш парид. Мард камару синаҳои Фариштаро раҳо кард ва нолишкунон якпаҳлӯ ғелид. Фаришта сареъ аз ҷой париду бо аввалин чизе, ки зери дасташ омад ба сари он мард куфт.
Фарёди ҷонкоҳ ошхонаро пур кард, зарбаи дуюмро таҳаммул надошт, ки ба нишони таслим ҳарду дасташро боло бардошт.
Он хокбарсар Ҳашматулло, кокои Гулоғо буд.
Алтанхотун ҳам фиғони Фариштаро шунида, бо суръате, ки худаш интизор надошт, ҳашуфашкунон ба самти ошхона давид. Хотун Ҳашматуллои бе саллаву дасторро, ки дар муқобили Фариштаи чӯб ба даст мисли асирҳои ҷанг талаби шафқат мекард, диду лол шуд.
Пиракии шаҳватталаб ҳоле дошт! Ӯ худро ба гӯшае кашида, мисли саги кутакхӯрда нолиш мекард. Хуни сари кафидааш ба ришу абрувони рангкардааш мерехт ва онҳоро сурхтар мекард. Шалвори то зону хамидааш пойҳои каҷи пур аз чину ожангашро, ки аз тарс меларзиданд, урён мекард.
Хиштаки шалвораш тар буд, шояд аз тарс шошид, ё нутфаи абзори шаҳватталабаш берун омад.
Фаришта хиштаки шалвори ӯро диду аз ғазабу нафрат чӯбро ба кунҷе партофт ва аз ошхона берун давид.

пешина
аз 473
навбатӣ