Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта мисли ҳайкали санг мешуд ва нафас дар гулӯяш дармемонд. Гоҳе авқот марзи рӯъё ва воқеиятро аз даст медод ва сарфаҳм намерафт, ки хоб аст ё бедор.
Баъзе шабҳо, вақте аҷуза ором мегирифт ва Алтанхотун ҳам, ки акнун рӯзона ба истироҳати комил гузашта, шабона ором мехобид, Фаришта мекӯшид чеҳраҳои бегонаро, ки акнун зиндагиашро пур кардаанд, аз зеҳнаш дур кунад ва симои азизонашро ба ёд биёрад. Аммо, ҳайҳот! Чеҳраи модару хоҳаронаш дар пардаи меғ бурӯз мекард, Фаришта танҳо шабаҳи онҳоро медид, на хату холе на чашмони оҳӯмонанде на лабханди ширине. Ингор сад сол гузашта буд, ва хотироти он зиндагӣ дар зеҳнаш хира мешуд. На танҳо чеҳраи хоҳаронаш, балки симои худаш низ барояш бегона шудааст. Гоҳо нигоҳаш тасодуфан ба оинае меафтад ва як лаҳза гиҷ мешавад, ки ин зан кӣ бошад? “Эй кош як бори дигар ватанамро бубинам, агар бимирам ҳам беормон мемирам”, - мегуфт ӯ ба худ ва кӯрпаро ба сараш мекашид, то ҳиқ-ҳиқи гиряаш Алтанхотунро бедор накунад.
Ба ин зани меҳрубон муҳаббат дорад. Хеле самимиву сода аст, аз доштаҳои худ розиву хушбахт аст ва талаби бештаре намекунад. Фаришта аз Худо мехост, ки дур аз тавтеаҳои хонаи Гулоғо бо Алтанхотун бимонад. Аммо як ҳиссе дошт, ки ин оромиш низ чун дафъаҳои гузашта дуру дароз давом намекунад.
Кампири Сокина вақте аз шикастҳояш қисса мекард, мегуфт, “ҳар ҷойе рафтам дидам, ки бахти сиёҳам чодари сафед дар сар пеш аз ман аз бари боло нишастааст. Фаришта ҳарфи кампирро он замон дарк намекард, аммо ҳоло дарк мекунад.
Яке аз рӯзҳо Фаришта дар ошхона бо сари хам зирбаки ошро тагу рӯ мекард, ки шарфаи пойе ба гӯшаш расид. Хаёл кард, ки чун ҳамеша ҳавсалаи Алтанхотун сар рафту барои суҳбат ба ошхона омадаст. Аммо дилаш каме дур рафт, хотун дуздона намеояд, нафасҳои тунду сангинаш пеш аз худаш мерасанд.

пешина
аз 473
навбатӣ