Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Алтанхотун, ба момобузург ғизо намедиҳем? Мисле, ки бедор шудаанд...
-Нигарани мамабузург набаш, ӯ биринҷ намехӯра, яган бар авгӯшт мехӯра, унам хеле кам, ӯра пирош сер мекунан.
-Шабона дар ҳавлӣ танҳо мехобад, магар наметарсад?
-Аз чӣ битарсад? У иқа пасбан дара, ки шоҳи Авғанистан надара. То зимистан ин ҷа мехаба, баъд бо ма ханада хав мекуна.
-Агар момобузург ба ташноб ё оббозӣ ниёз дошта бошад, ба ман бигӯед, метавонам кумакаш кунам.
-Аҷаб адами хубе астӣ, аз черат молум меша. Дар бараи мадаршӯи ма бисяр фикр наку, у кампир саҳиб дара, ав ҳам метан, ғиза ҳам, аббазӣ ҳам. Зиндагии аҷиб ғариб дара, ки оли иҷа башӣ, адат мекунӣ.
Зиндагии Фаришта дар ин хонадон ба тадриҷ қобили таҳаммул мешуд. Келинҳои Алтахотун бо ӯ дӯст набуданд, аммо ошкоро хусумат ҳам намекарданд. Шод буданд, ки ҷонашон аз обгӯшти Алтанхотун халос шуду акнун ҳар рӯз ошу кабоб ва мантуву дамлама мехӯранд. Аммо фарҳанги миннатдорӣ надоштанд, гӯё Фаришта хизматгорашон бошад.
Мӯйсафед низ дигар бо дидани Фаришта ахм намекард, гоҳ-гоҳ либосҳояшро барои шӯстан меовард ва рахти либосҳои утузадаро аз дасти Фаришта мегирифту “боракалло” мегуфт.
Аз ҳузури Фаришта бештар аз дигарон Алтанхотунро шод буд, ки аз кори хона ва пухту паз пурра озод шуда, акнун соатҳо дар лаби кат пинак мерафт.
Фаришта ба ҳузури аҷуза ҳам одат мекард, садоҳое, ки аз гулӯи кампир мебаромад дигар мисли пештар ваҳмангез набуданд. Шабҳое, ки аҷуза то рӯз лабчанг менавохт ё дурудароз табл мезад, ҳавои хона сангин мешуд ва Фаришта кобус медид. Дар он рӯъёҳо мардҳои бузургҷуссаи чеҳраҳояшон дар зери ниқоби гургу хирс ё уқоб ниҳон, сарҳои худро такон медоданд ва дасти ба даст гирди ӯ чарх мезаданд.

пешина
аз 473
навбатӣ