ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Ма Бабура фаряд кадум кати шуҳаруш, гуфтум, ки Бабу, буру ба ханейе мадарут, и бача баяд зан бигира. Ӯ гиря кад, фиған кашид, ки намеход рафтан. Баъд гуфт, мара нафристен, Тулга хаҳарма зан куна. Ба хайр шуд, Аргина хела гирян кад, бад мачим дилуш ба апаш сӯхт, ки разӣ шуд.
Инамитари ҳардуш да я хана зиндагӣ дара. Тулга кати Бабухан хав намекна, дилуш пеши Аргинаай. Мадаршӯи ма Аргинара дӯст медара.
“Бечора Бабухан, чӣ ранҷҳое мекашад!” - гуфт пеши худ Фаришта, ки чунин хонадорӣ дар тасаввураш намегунҷид.
Занҳо вақти наҳор расиданд, чунон дуздона омаданд, на пояшон садо дошт на гарданбандҳои сангини даври гарданашон. Тахти хоби аҷузаро давр зада, аз пуши ҳота ба лаби кат расиданд ва суфраи рангоранги пур аз мосту салат ва гашничу райҳонро дида, тааҷуб карданд. Аҷуза ҳам ангор аз сайри “дунёи мурдаҳо” баргашта буд, ки ҳаракати занҳоро бо чашмони нимроғ таъқиб мекард. Фаришта ҳиссаи писарони Алтанхотунро дар табақи бузург бардошту ба дасти бачаи подабон ба молхона фиристод. Барои занҳо дар ду лаълӣ ош кашиду бо як даста қошуқ ба рӯи дастархон гузошт. Занҳо назокат нишон медоданд, аз фаш-фашу чапчапи дирӯза нишоне набуд, тавре рафтор мекарданд, ки гӯй ба меҳмонии ашрофона даъват шудаанд.
-Бигиред, нӯши ҷон, ош хунук нашавад, - гуфт Фаришта ва аз пайи чой рафт, аммо ду қадам нагузошта буд, ки садои ба лаълӣ бархӯрдани қошуқҳо баланд шуд.
Лабханди ширине дар лабҳои Фаришта шукуфт. Вақте бори дуюм бо қумғони пури чой ва қанду мураббо баргашт, дастархон мисли полези галлачарида холӣ буд.
Келинҳои Алтанхотун чойро ҳам нӯшиданду ба ошпаз ҳатто ташаккур нагуфтанд. Монанди хонаводаи замбури асал якбора аз ҷой баланд шуда, бо ҳамон роҳи омадаашон пас гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё