ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта аз ин хабар шигифтзада шуд, аммо сир бой надод ва аз Алтанхотун шарҳу тафсир ҳам напурсид. Хотун худаш достонро идома дод ва Фариштаро бештар ҳайрон кард.
Бабухан як зани гарданшахи бефарзанд аст, ки дар тӯли дувоздаҳ соли зиндагӣ бо писари хотун, Тулга, ҳашт дафъа обистан шуда, ягон фарзандро зинда ба даст наовард. Ӯ хоҳарзодаи Алтанхотун аст. Аз рӯзи аввали арӯсӣ, ситораи Бабухон бо аҷуза рост наомад. Бо ӯ пархош мекард, мегуфтаст, кампир девонааст ва ӯро бояд ба тимористон бубаранд. Аҷуза ба хотири Алтанхотун Бабуро таҳаммул мекард. Аммо арӯси шашмоҳа як шаб ногаҳон нопадид шуд.
Хурду калон, хешу табор ҳама ба ҷустуҷӯ баромаданд, ҷойи накофта намонд, ӯ гӯё об шуда, ба зери замин рафта буд.
Хешонаш саранҷом аз ёфтани ӯ ноумед шуда, гуфтанд шояд Бабуро гург хурдаст ё ӯро лӯлиҳо бурданд. Аммо Бабу баъди як ҳафта бо пойи худ баргашт, ҳоле дошт, ки мурғони ҳаво ба ҳолаш мегиристанд. Мӯйҳояш парешон, лабу даҳон пур аз обила, либосашро гӯё саг хоида буд, ки ҷойи обод надошт.
Чашмонаш беҷо буд ва ҳазён мегуфт.
Аҷузаро дар рӯи тахти хоб диду мӯйҳояш дар сараш рост шуданд, фиғон кашиду аз ҳуш рафт. Беҳтарин ҷинбарорҳоро ба сари болинаш оварданд, ӯро бо занҷир ба дахт бастанду бо бели сӯзон ба танаш заданд, он қадар куфтанд, ки билохира сиҳат шуду ба по хест, аммо ҳомиладориҳояш бо ҷогаҳу ҷома сипарӣ мешуд ва дар дувоздаҳ сол як қабристонро пур аз мурда кард.
-Бабухон ба касе нагуфт, ки аз сараш чӣ гузашт?
-На хайр, даҳануш чуп буда. Намеход да и бара гап зана, ҳар бар, ки мепурсидем, ӯ бечора ғаш мекад, мо ҳам дига ура ба ҳалеш мандем. Ҳаҷат ба гуфтар несташ, ҳама медананд, ки кари мадаршӯи ма буда.
-Чӣ тавр хоҳараш розӣ шуд, ки барои Бабухон ҳаву шавад?- пурсид Фаришта, ки ошро акнун дам партофта аз пайи салат мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё