Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Фариштаҷан, иҷаза метӣ пешут бошум, ку бинум таҷико чӣ рақамӣ аш мепазан.
Фаришта оши дегдониро, ки каме бӯи дуд медиҳад, ҳунармандона мепазад. Аммо ҳоло нигарон буд, ки келинҳои пархошгари хотун оши пухтаи ӯро барқасдона таҳрим накунанд.
-Яке оши пухтаи ман ба келинҳо хуш наояд...
-Нигаран набош, ина ҳиҷ вахт шиками худа халӣ намемонан, али мебинӣ. Алтанхатун рӯи сандали пастаке нишаста, оташи дегдонро тагурӯ мекард.
Зани аҷиб аст хотун, гарму нарм, мисли кӯрпае, ки дар фасли сармо ба сар мекашӣ ва ҳавои гарму сардро тавозун мекунӣ. Он қадар содаву беозор аст, ки келинҳо дар тори сараш дойра мезананд. Фузул нест, дар якшабонарӯзи будубоши Фаришта дар ин хона, як бор ҳам напурсид, ки ту аз куҷоӣ, чӣ тавр то ин ҷо расидӣ? “Беақл нест, медонад, ки ман як ғариба ҳастам ва бо хости худ ба ин сарзамин наомадаам, аммо тараҳҳум нишон медиҳад ва ба захмҳои ман намак намепошад.” Фаришта сареъ кор мекард, меҳмонҳои бешумори хонаи падар ӯро устоди ошхона карданд.
-Чашм нараса, Фариштаҷан, ту читу чақан кор мекунӣ, кашки ма ранги ту келин медаштум, - шӯхӣ кард ӯ.
-Шумо ҳафт келин доред, ки мушт ба девор зананд талқон мешавад, - Фаришта ҳам шӯхӣ кард, ҳарду хандиданд.
-Ростӣ, хотунҷон, келинҳои шумо шабеҳи ҳамдигаранд, ман наметаванам онҳоро аз якдигар фарқ кунам, бо якдигар хешутаборанд? Хотун аз ин суоли Фаришта завқ кард.
-Келино ҳамаш амубачаву холабачаан, панҷташ хеши мана дуташ хеши мӯсафед.
-Ун духтараки ширинрӯи ҷавон зани писари хурдӣ аст?
-На, Аргина зани писари калониай.
-Магар зани писари калони Бабухон нест?
-Аргина хаҳари Бабухонай, ҳардушан зани бачаи каланӣ.

пешина
аз 473
навбатӣ