Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Фариштаҷан, ту уҷа чӣ мекинӣ? Зуд қафа бугард!
Фаришта мисли мусофири рафтанӣ аз пушти шонаҳояш ба Алтанхотун нигоҳ карду пушт ба ӯ гардонд.
Алтанхотун бо ҷуссаи сангинаш, ки басахтӣ меҷумбид, мисли тир ба тарафи Фаришта парид ва ӯро кашон ба саҳни ҳавлӣ овард.
-Чара ба мадаршӯи ма наздик шудӣ? Ахи и бари ту хатар дора! Хотун ба рӯи Фаришта як панҷа оби сард, пошид, ҳашҳаш нафас мегирифту шонаҳои Фариштаи хоболӯдро такон медод. Хеле вақт гузашт, Фаришта ниҳоят ба худ омаду бо чашмони аз ҳайрат бузург ба давру бараш назар кард, худро боз дар ҳамон ғамкада диду сар ба шонаҳои паҳни хотун гузошт ва инони гиряро сар дод.
Хотун сари ӯро бо дастони шахшулаш навозиш мекард.
Бо ин ҳама бадбахтӣ, Фаришта боз ҳам мавриди лутфи сарнавишт буд, ки инсонҳое мисли Рӯгул, Хола Наврӯз ва Алтанхотун бо ӯ меҳрубон буданд.
-Фариштаҷан, ага мадаршӯи ма ба арваҳа гап мезана ба ӯ наздик нашу, уво тура тарафи худ мекашан, худа канар бигир, фомидӣ?
Фаришта сарашро бо аломати тасдиқ такон дод.
Намехост дигар дар он мавзӯъ суҳбат кунад.
-Мехоҳед имрӯз барои келинҳо палови тоҷикӣ бипазам?
-Чира не, бипаз, зано хуш мешан, ува ай авгушти пухтаи ма безар шидан. Хотун Фариштаро ба “ошхона” бурд, ошхона набуд, як чордевории бомаш пур аз роғҳои бузург буд, ки як дегдони лойи ва як танӯри заминии ҷағида дошт.
Дуруст монанди ошхонаи Рӯгул. “Бечора Алтанхотун шояд дар фасли зимистон дар ин гузаргоҳи боду борон ғизо пухта, тарбод гирифтааст, ки аз дарди пой шикоят мекунад. Хотун халтаи биринҷу бушкаи рӯған ва як пойи гӯсфанди ҳанӯз хунаш хушкнашударо, ки дар мехи каҷи бари девор овезон буд, ба Фаришта нишон дод.

пешина
аз 473
навбатӣ