Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар садои аҷузаро, ки то саҳар гоҳ чун парранда фарёд мекашид ва гоҳ табл мезаду гоҳ хиррос мекашид, сарфи назар кунем, ба сурати умум шаб ором гузашт.
Фаришта саҳари барвақт аз хоб баданд шуду ҳавлиро ҷорӯб кашид, оташи дегдонро рӯшан кард, дар қумғони чӯянӣ об ҷӯшонд ва дар рӯи кат суфра кушод. Алтанахтун шояд ба шикам хобид, ки дигар хуррак намекашид, мӯйсафедаш гуму гӯр буд. Сукути ин маконро хониши паррандаҳо ва садои кампири девонаавзо мешикаст, ки зонувони лоғарашро чун пойҳои ғӯк ба ду тараф афканда сари урёнашро такон медод ва доира мезаду садоҳои аҷибу ғариб мебаровард.
Фаришта мехост атрофи кати аҷӯзаро ҷоруб занад, вале ду қадам дуртар аз кампир манъ шуду “астағфурулло” гуфт ва даст ба гиребон бурд. Мехост аз ӯ дур шавад. Аммо натавонист, пойҳояш гӯё дар замин сабз шуданд, наметавонист аз ҷой такон бихурад. Эҳсоси тарс гум шуду ҳиссе монанд ба оромиш вуҷудашро фаро мегирифт. Танаш чун пари қӯ сабук ва равонаш аз фишор озод мешуд. Эҳсоси ошно ва гуворое аз гузаштаи дур меомад ва тани ӯро дар ҳарири роҳат мепечонд. Дар он ҳалқа, ки давру бари ӯ шакл мегирифт, на қочоқбар буду на дарё, на Маҳваш буду на Ҳашматулло. Хоҳарони мижгонсиёҳаш буданд, ки бо ҳам “панҷакбозӣ” мекарданд, сарҳои кӯчакашон хаму рост мешуд, арақ мекарданд ва зулфакони печдорашон дар пешониашон мечаспид. Ва модараш буд, ки гесувони дарози Фариштаро шона мезад ва мегуфт, ки “духтари ман ба хироҷи мамлакат меарзад”. Кампири Сокина буд, ки дар айвон барои онҳо кӯрпа медӯхт ва пахтаҳои офтобхӯрдаро бо чӯби душоха бод медод. Фазо пур аз атри ваҷду осоиш буд. Ӯ дар он ҷо эҳсоси хушиву саодат дошт!
Ҳалқаи сархушкунандаро, ки Фариштаро маст карда буд, овози ваҳмноки Алтанхотун рахна кард.

пешина
аз 473
навбатӣ