Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Келинҳои шумо форсӣ ҳарф мезананд, онҳо мактаб хондаанд?
-Як яа ду сол мадраса рафтан, фарсӣ хондан, баъд издиваҷ кардан. Ахи и келино шабу руз телевизиан мебина, радио мешнава, албат ки забан медана!
-Алтанхотун, шумо телевизиор надоред? Дар хонаи оғо телевизор буд, аммо хизматгорҳо ҳақи тамошо надоштанд...
-На бачем, телевизар гуҷа буд! Ма агар телевизиат тамаша кунем, ҳама кару бар мемана.
Фаришта ҳаминро фаҳмид, ки дар фермаи чорвопарварии оғо масъулияти говдӯшиву ҷамоварии қаймоқ, пухтани панир бар дӯши занҳост. Дар як рӯз то сад модаговро меҷӯшанд. Мардҳо зери пойи говҳоро пок мекунанд ва ба онҳо ғизо медиҳанд, говҳоро ба чарогоҳ мебаранд ва ширу панирро ба мағозаҳо.
-Шояд ман оғилҳоро тоза кунам?- пешниҳод кард Фаришта.
Хотун ба фикр фурӯ рафт, эҳтимол мехост кореро ба Фаришта супорад, ки бо келинҳо ва писаронаш рӯ ба рӯ нашавад ва шарр нахезад.
Ниҳоят гуфт, ки пойҳояш дардманд шудаанд ва басахтӣ роҳ меравад ва беҳтар аст агар Фаришта ҳамин ҷо бимонад ва корҳои хонаро анҷом диҳад.
-Шояд ба назарам намуд, аммо эҳсос кардам, ки омаданаи ман ба мӯйсафеди шумо нафорид...
-Фикри мӯсафеди мара наку, ӯ адами хубай, ай ами ҷанҷала метарсид. Дар қиссаи мӯсафеди ма набаш, ӯ да ҳаму ферма хав мекуна.
Шом шуду Алтанхатун ба ҳуҷрааш даромад ва баъди як дақиқа садои хурросаш ӯ ба осмон печид. Фаришта ҳам сар ба болин гузошт. “Чӣ рӯзи ваҳшатноке буд имрӯз, аз як сӯ эътирози мӯйсафеди хӯсамонанд, аз як сӯ шӯриши арӯсон ва аз сӯи дигар аҷузаи “миёнрави байни ин дунёву он дунё”, худо оқибати маро дар ин макон ба хайр кунад”- гуфт пеши худ ва чашмони хастаашро оҳиста пӯшид.

пешина
аз 473
навбатӣ