ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Зиндагии и мадаршӯи ма як асрарест, ки ма ӯра худум намедонум, шӯи ма ҳам намефома. Фақат амира меданум, ки адами адӣ неста, баъзан хатарнаке, мара мега буру, гирди ма чарх назан, арваҳара нараҳат наку.
“Хотун афсона мебофад!” - ба худ гуфт Фаришта аммо нишон надод, ки ба ин ҳарфҳо бовар надорад. Алтанхотун бо ҷиддияти том мегуфт, ки вақти гуфтугӯи аҷуза бо гузаштагон, танаш дар кати хоб мемонад, аммо рӯҳаш бо онҳо меравад, ба сайри дунёи дигар. Он рӯзҳо ӯ ғизо намехӯрад, бо садои як марди ҷавон ҳарф мезанад. Рӯҳи он мард, ки шояд аз ҳамқавмҳояш бошад, солҳост дар тани кампир маскан гирифта, ба неру медиҳад ва умрашро дароз мекунад. “Тавба, магар мешавад ба ин афсона бовар кард!?”
-Ҳама фикр мекуна, ки и кампир ай ҷаш буланд намеша, аммо ма мебинам, ура буланд мекунанд, танша мешӯянд, барош ғазо метиян.
“Аҷаб хонаводае, келинҳо мисли аспҳои сарҳуй, модарарӯс як аҷузаи афсонавӣ! Хайрият Алтанхотум одами дуруст будаст!”
-Модаршӯи шумо аз рӯҳи гузаштагонаш чӣ мехоҳад?
-Дар бораи яган мушкил мега, маслаҳат мепурса, ӯ хонадани мара ҳифазат мекуна. Баъд, боз ба худ меая ва бисёр ҳадисаҳора пешгӯӣ мекна.
-Ту ай кампири ма назарс, тура нағз дид, ӯ ага адама нағз дид, то ахир нағз мебина, ганда дид, адама ай хана берун мекна. “Ту гуфтиву ман бовар кардам!”
-Алтанхатун, шумо вазифаи маро мушаххас кунед, ман машғули кор шавам, гов меҷӯшам, ҷурғот мехобонам, либос мешӯям, ғизо мепазам, ҳамаи ин корҳоро хуб баладам, - гуфт Фаришта, ки аз афсонаи аҷуза хаста шуда буд.
-Нигаран набаш духта, кар да и хана бисёра, бо хаста ҳам мешӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё