ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта оби шӯрборо ҷуръа-ҷуръа дам мекашид ва ҳайрон буд, ки рӯзгораш бо ин занҳои чи мешавад.
Аз рӯзе, ки он дарёи бузургро убур карду ба ин ғамкада афтид, чанд дафъа худро дар ҳолате дарёфт, ки мурданро беҳтарин роҳи халосӣ аз таҳқиру ҳақорату азиятҳо медид.
Бори аввал, вақте, ки дар хонаи Рӯгул ба ҳуш омад ва фаҳмид, ки дар як моҳ касе ба суроғаш наомадаст. Бори дуввум, дар мошин, вақте, ки мусаллаҳони бадбӯй бо дастони касифашон тани ӯро макруҳ карданд ва баъд чун мол ба Гул-оғо фурӯхтанд. Бори сеюм, вақте, ки Ҳашматулло, он пиракии шаҳватпараст ба рӯяш туф кард ва занҳои ватанашро фоҳиша хонд. Аз ин андешаҳои хатарнок Фариштаро танҳо як шӯълаи кӯчаки умед, ки шояд рӯзе битавонад ба хона баргардад, нигоҳ медошт. Ӯ бо худ аҳд баст, ки новобаста аз ҳар иттифоқ бояд зинда бимонад, ҳама сахтиҳоро таҳаммул кунад ва роҳи бозгаштро биҷӯяд.
-Нигаран нашу, келино дига туда кардар намешан, уво кампира миданан, душманша ҷаду мекна, коре мекна, ки адам аз хав мемана, - гуфт Алтанхатун, ки аз бадрафтории келинҳояш хиҷолат мекашид.
Фаришта ноаён ба аҷуза нигоҳ кард. Ӯ чона рӯи зонувони устухониаш гузошта буд ва аз гулӯяш садое берун мешуд, ки шабеҳи садои худаш набуд.
Алтанхатун, ларзиши дастони Фариштаро диду лабханд зад. “Али адат мекунӣ”, - гуфту дар бораи модаршӯяш достони ҷолибе нақл кард.
Аз рӯи нақли хотун, модарарӯсаш аз ҷавонӣ хаёлпардоз буд, бо одамон хӯ намегирифт, ҳафтаҳо дар кӯҳҳои атроф нопадид мешуд ва баъд хаставу лакот ба деҳа бармегашт.
Ҳеҷ марде ҳозир нашуд ин духтари хулро ба зани бигирад.
Яккаписараш, шавҳари Алтанхотунро дар панҷоҳсолагӣ аз марде зойид, ки ӯро ҳеҷ кас надидаст. Шаби дарди зоймонаш ба кӯҳ рафт ва саҳар бо тафли парпеч баргашт. Кӯдакро танҳо мегузошту ҳафтаҳо нопадид мешуд, мардум ҳайрон мешуданд, ки рӯзҳои ғайбати модар кӯдак ором мехобид, шикамаш сер буд ва овоз намебаровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё