ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Шумо дар сарзаминҳои ишқу осоиш реша давондаед, ман нахли нимҷонам, ки решаамро гум кардаам ва хушкидани тани берешаамро ҳар рӯз бо чашми сар мебинам. Шуморо ба мани бадбахт чӣ кор!
-Мачим и ай кадом авлода, чӣ рақам одама, мо намедонем, амиёли гум шава, брава хонаи оғо, ага и гум нашава мо ай иҷа мерем ва шӯҳарҳои худа ҳам мебарем!- шарт гузорӣ карданд келинҳои Алтанхотун. Шӯру валвала ва нидоҳои “бале Тингрӣ дуруст мега!” ба ҳаво печид.
-Чуп, каргасҳаи мурдахор! - садои хирии аҷӯза, ки ду қадам дуртар аз занҳо бо сари хам дарунгароӣ дошт ва пасу пеш такон мехӯрд, мисли чӯбдасти дерижер ин “ансамбл”-и ба шӯромадаро хомӯш кард.
Занҳо мисли барраҳое, ки садои уллоси гургро аз наздик мешунаванд, ҳаросон бо ҳам ҷафс шуда, сарҳои худро ба доманҳояшон хам карданд. Як сари мӯи онҳо намеҷумбид, ангор, на одамони зинда, балки наққошии бари девор буданд.
-Ҳар кӣ бо и ғариба чақа шуд, ба ма тараф меша! - таҳдид кард аҷуза ва оҳиста сар ба сукут рафт.
Муддате дар хомӯшӣ гузашт, баъд занҳо як-як сар бардошта илтиҷоомез ба Алтанхотун нигоҳ карданд.
-Ғазотона хӯрда башен ай пайи кар шавен, - амр дод хотун, ки аз хашми модашӯ ба келинҳо эҳсоси қаноатмандӣ мекард. Занҳо бесадо рафтанд. Хотун зуд ба сари дег давиду барои Фаришта дар як коса обгӯшт овард.
-Бия, бишӣ, Фариштаҷон ғазата бухӯ, -гуфт ӯ бо лаҳне, ки гӯё чизе нашуда бошад.
Фаришта дар рӯ ба рӯи Алтанхатун дар лаби кат нишаст.
Баъди ин ҳама фишору шӯру ғавҳо иштиҳо надошт, аммо ба хотири меҳрубониҳои хотун косаи шӯрборо мисли келинҳои ӯ сари даст карду оби шӯрборо дам кашид. Шикамаш холияш гарм шуд. Соҳибхона дар бушқоби калонтар барои худ обгӯшт овард ва ними як фатири калонро дар оби шӯрбо тарит кард. Косаи бузург бо ҳаш-ҳашу фаш-фаши хотун дар як воҳиди он холӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё