ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Фаришта беҷуръатона аз хона берун шуду ба занҳо салом дод.
Саломи ӯро касе алек нагирифт, ҳафт ҷуфт чашм аз зери қавоқҳои дамида мисли гург ба барраи навзод нигоҳ мекард.
Алтанхотун келинҳояшро хуб медонистаст, ки зуд ба байн даромад ва гуфт, ки меҳмонро аз ҳавлии оғо фиристоданд.
-Кӣ фиристода? -пурсид ба қаҳр зане, ки синнаш аз дигарҳо бузургтар буд. Алтанхотун посух надод, аммо ҳамсояи дасти рости зан дар гӯши ӯ чизе хонд, ки ӯ якбора дар гирифт.
-Маҳвашхонум ғалат карда! У зани бадқавора хонумои қашанга ай шуҳари худ дур мекуна, баъд пеши шуарои мо узот мекна? Ӯ аз ҷой нимхез шуда мисли саркардаи тазоҳурот дастак мезад ва хонумҳои дигарро таҳрик медод.
Шикофҳои бинии кӯтоҳаш ва чашмҳои тангаш то ҳадде, ки зӯрашон мерасид гушод шуданд.
-Бабухан рост мега. И зан чи мекна иҷа? Ира пас бфристен ба хонаи аға!- гуфт келини дигари Алтанхотун, ки аз Бабухон ҷавонтар буд. Занҳо як-як ба нишони эътироз садо баланд мекарданд, ҳавлӣ мисли боғи зоғон шуд. Танҳо як духтари бисёр ҷавон, ки шояд келини хурдии Алтанхотун буд, ба ин даъвоҳо ҳамроҳ нашуд. Фаришта бо ранги парида ва шонаҳои аз ғусса уфтода мисли муттаҳаме, ки дар додгоҳи худсарона мурофиъа мешавад, сар аз замин барнамедошт ва Худо мегуфт, ки келинҳои Алтанхотун ӯро пора накунанд.
Гулӯяш буғз кард, мехост фиғон бикашад, достони ҳузнангези зиндагиашро ба так-таки ин занҳо бигӯяд ва дилҳои сангини онҳоро нарм кунад. Бигӯяд, ки ман як зани бадбахтам ва кирои рашк намекунам, ман бо шумо қобили сабқат нестам. Шумо шабро дар бағали шӯҳои худ рӯз мекунем, ман то бомдод хоби мурданамро мебинам. Дар шарёнҳои шумо хуни зиндае ҷӯш мезанад ва гунаҳои шуморо чун анори расида сурх мекунад, ман бо ранги заҳир гоҳо садои набзамро намешунавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё