Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хонумҳои гавдадоре буданд. Қаду басташон аз якдигар фарқ мекард, аммо дар рангу рӯ нусхаи якдигар буданд, гӯё аз як модар ба дунё омадаанд.
Бузургтарини онҳо 30-35-сола ва ҷавонтаринаш 17-18- сола буд. Сару либосашон аз занҳои афғон фарқ мекард. Дар тан куртаҳои кушоду камзулҳои кӯтоҳи беостин ва дар сар қалпоқҳои шоҳии бораҳояшон пашмӣ доштанд. Гушворҳои сангинашон то китф ва тангаҳои даври гарданашон то сари сина мерасид. Вақте ба дастархон ҳам мешудан тангаву гушворашон ҷаранг-ҷаранг садо мебаровард. Бадқавоқ буданд, гӯё ханда аз гирду гӯшаи лабонашон намегузашт.
Онҳо косаҳои пур аз гӯшту устухонро, ки модаршӯяшон дар лаби кат қатор чида буд, бо аҷала сари даст карда, оби шӯрборо бе қошуқ дам кашиданд ва гӯшту равғанро дар нони тунук лула карда бо иштиҳо гоз гирифтанд. Фаришта аз дирӯз баъди ҷанҷоли Маҳваш иштиҳо надошт ва ҳоло аз гурӯснагӣ оби даҳонашро фурӯ мебурд.
Алтанхотун шиками келинҳояшро сер карду ба қумғони бузургро, ки дар таги деги обгӯшт меҷӯшид, як мушт чойи хушк партофту ба назди келинҳояш гузошт.
Баъди тановули гӯшту рӯған ва чойи доғ чеҳраҳои рафидамонади келинҳо арақшор шуд. Бо дастмоли сафеде, ки модаршӯяшон дар лаби дастархон гузошта буд, бо навбат арақи рӯю гардани худро худро пок карданд, дастмоли сафед то расидан ба дасти нафари охирин мисли латтаи пушти дар қаҳваранг шуд.
Алтанхотун ҳам аз даводав хаста шуда, думбаи ғафсашро акнун ба лаби кат гузоштанӣ буд, ки меҳмон ба ёдаш расид.
-Фариштаҷан, биё бо ма биши, ғазо бухӯ, -гуфт ва ба сӯи панҷара даст афшонд.
Бо шунидани номи зани бегона келинҳо мисли оҳувоне, ки аз садои шикастани шохае эҳсоси хатар мекунанд, ҳамзамон ба самти ҳуҷраи хоб тоб хӯрданд.

пешина
аз 473
навбатӣ