Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар лабони чуркидаи пиразан лабханди тамасхуромезе зоҳир шуд.
-Аз тақдир ҷойи гурез нест, ғариба...
Пиразан чонаашро ба рӯи зонувони лоғараш гузошт чашмони тангашро пӯшид, пилкҳояш намеларзиданд, гӯё дар як лаҳза ба хоби амиқ рафт.
Фаришта суломез ба Алтанхатун нигоҳ кард. Хотун агушт ба лаб бурд, ки “хомӯш бош”.
-Модаршӯи шумо чӣ мегуфт? Ҳарфҳояш аҷиб буд, - гуфт Фаришта вақте онҳо аз назди кампир дур мешуданд.
-Кампир кати арваҳаи гзаштаи ма гап мизана, мидана чи мега, …илми шомонӣ мидана. Натарс, кампир беозораст.
Фаришта аз лӯлаи лаби ҳота, ки обчакориҳои соҳиби хонаро шодоб мекард, ба рӯяш як панҷа об кашиду ба думболи Алтанхотун ба хона даромад.
Хонаи Алтанхотун ду утоқ бештар надошт ва дасти одам роҳат ба сақфаш мерасид.
-Шопур гуфт, ки шумо ҳафт келин доред, онҳо дар ин хонаи танг чӣ тавр мегунҷанд?
-Келина кати бачаҳам шабана хана меран, пеши бачаҳашан, иҷа ма меманом кати мадаршӯям, Мӯсафеди ма шав дар ферма хав мекна, ки аспара касе надузда.
Ҳуҷрае, ки Алтинхотун Фариштро дар он танҳо гузошт, тозаву озода буд, кӯрпаву болиштҳои тамиз ва фарши нарм дошт.
Соҳибхона то аз кор баргаштани келинҳояш дар як деги бузург обгӯшт пухт ва сипас дар рӯи кати ҳавлӣ суфра боз карду нони таҳдегӣ ва буғурсоқу қаймоқ баровард. Ҳақи писаронашро, ки ҷудо аз занҳояшон дар ферма ғизо мехӯранд, аз ошхонаи бузурги оғо мефиристанд.
Келинҳои Алтанхотун, ки чашмони яке аз дигаре тангтар, чеҳраи яке аз дигаре сурхтар ва гавдаи яке аз дигаре бузургтар буд, вақти наҳор омаданд ва чун лашкари гурснаи Чингизхон ба суфраи мураттаби Алтанхотун тохтанд.

пешина
аз 473
навбатӣ