Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Пеш биё бинам тура, ғариба, аз куҷо астӣ? – садо аз кадом кунҷи ҳавлӣ баланд мешуд. Фаришта ҳаросон ба атроф нигарист.
-Сайъ ку, уҷара бин, -хотун ба сӯи дарахти бузурге ишора мекард, ки шохаҳои сабзаш мисли ҳайма ба замин мерасиданд, - и овази мадаршӯи ма буд, саду бист солаша, - чашмони танги Алтанхатун аз хандаи самимона дар рӯи рафидамонандаш ду хати борик кашиданд.

Фаришта ба думболи ангушти ишоратии зан ба самти дарахт нигоҳ кард. Зери дарахт, дар тахти хоби андозаи қади бачаи шаш-ҳафтсоласола, кампираке менишаст, ки агар мижа назанад, хаёл мекунӣ ҷасади мумишидаи фиръавни Мисри бостон аст. Андоми аҷибе дошт, ки ҳам ваҳмро дар дил ҷо мекард ва ҳам намешуд аз ӯ чашм канд. Фаришта дар умраш чунин чеҳраи пур аз чину чурукро надида буд, чеҳра набуд, як кавири хокистарии хушкида буд, ки ҳазор сафоли шикаста дошт. Чашмони тангаш дар зери бори пилкҳои овезон базӯр боз мешуданад ва монанди пилтачароғи мурии гармоба нури хирае доштанд. Рагҳои дастони лоғараш чун решаи бараҳнаи як дарахти пир берун ҷаста, пӯсташ низ кайҳо аз гӯшту устухонаш ҷудо зиндагӣ мекард. Дар дастҳои лоғараш хармуҳра ва дар мӯйҳои хокистариаш пари уқоб дошт.
Шабеҳи аҷузаҳои афсонавӣ буд.
Ӯ пилкҳои овезонашро басахтӣ бардошту ба Фаришта чашм дӯхт, тавре нигоҳ кард, ки гӯё ӯро мешинохт.
Тахтапушти Фаришта аз тарс ях баст, хаёл кард, ки аҷуза бо нигоҳаш тамоми неруи ӯро мебалъад.
-Парии обӣ, аз рӯдхона берун шудӣ, аҳли ин ҷо нестӣ, дар и мамлакат чӣ мекобӣ?- аҷуза ниҳоят лаб ба сухан во кард. Кампир форсӣ ҳарф мезад ва қариб лаҳҷа надошт.
Ӯ дасти хушкидаашро ба самти офтоббаро баланд кард.
-Решаҳот дар он сӯи Ҷайҳун монда...
Фаришта шабеҳи одаме, ки пояшон дар алафзор ногоҳ ба тани сарди мор бармехӯрад, нохудогоҳ худо бо шаст ақиб кашид.

пешина
аз 473
навбатӣ