Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳавои ин макон бӯи коҳу алафи сабз, саргини гов ва ширу панир медод. Шопур Фариштаро оварду “баротон корманди нав овардум, аз ӯ хуб муроқибат кунен”- гуфту зуд баргашт.

Мӯйсафеди харобаки кӯсариш, ки синнашро аз андоми лоғараш ҳадс задан душвор буд, бо кулоҳи намадии фарсуда ва патуи даври танаш хӯсаи бедастро мемонд. Ӯ аз сар то пойи Фариштаро бо чашмони тангаш омӯхту мисли деги даля ба ҷӯш омад. Ғур-ғур мекарду ба сари занаш метохт аз қаҳр ҷойи нишастан намеёфт. Мӯйсафед аз изофа шудани як зани бегона ба хайли фарзандонаш хушҳол набуд. Ҳамсари мӯйсафед, зани чоқи рафидарӯе будаст, ки бо вуҷуди синни баланд чеҳрааш як ожанг ҳам надошт, “дасти изофӣ ба мо зарар намекна”- гуфту лабханд зад ва ба Фаришта салом дод.
Шеваи гуфтораш аз занҳои хонаи оғо фарқ мекард, ҳарфҳоро каш медод. Аз фарбеҳӣ нафасаш мегирифту ними калимаҳо дар ҳалқаш дармемонд. Чашмони тангашро, ангор, бо нӯги теғ боз кардаанд.
Фариштаи хаста аз ин оворагиву саргардониҳои бепоён, бо буғчаи иборат аз ду се пероҳани нимдошт дар саҳни ҳавлӣ гунаҳкорона сар хам карда, ҳарфе барои гуфтан намеёфт.
-Хонумҷон, агар коре бошад, бигӯед иҷро кунам, - гуфт ӯ илтиҷоомез.
-Шитаб наку духта, али барои кару хастагӣ вақти бисярай, буру ҷиҳази худа ҷа ба ҷа ку, як пияла чай бигӣ, баъд бинам, ки чи мекнӣ. Номат чӣ аста?
-Фаришта.
-Ма Алтанхатун нам дарум. Бия, хана дараем, чизата бмон.
Ин суҳбати кӯтоҳ Фариштаро каме ором кард. Ӯ ба думболи Алтанхотун акнун ба сӯи хонаи пастак қадам мебардошт, ки садое хиррие ба гӯшаш расид.

пешина
аз 473
навбатӣ