Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Кофари падарсаг, буру, ки чашмом тура дига набина!
Маҳваш ҷуссаи бузургашро аз дами дар як тараф кашид то мабодо лаби чодараш ба тани Фаришта нарасад.
-Ага я бори дига ира да амиҷо бубинум, ошхонаро кати шумо оташ мезанум, фомиден!? Ҳоҷибону пушти монанди ҷевон бузургашро ба занҳо карду рафт, занҳо акнун ба ғайбати ӯ лаб мекушоданд, ки дубора ҷуссаи баҳмудмонандаш роҳи нурҳои офтобро баст.
-Ҳарчира, ки и кофари шӯравӣ даст зада, бо собун бишуен!
-Боша хонумҷон, ҳар чӣ ту бихой. Хола ба думболи Маҳваш бо аломати “паят канда шавад” бо даҳ панҷааш оф кашид ва “кокои худозада қасосша грифт”- гуфт.
Ҳамон рӯз Шопур Фариштаро ба макони домдорӣ ва саисхона бурд, ки каме дуртар аз хонаи оғо, дар як гӯшаи деҳкада ҷойгир буд. Хола Наврӯз қабл аз ба мошин нишастани Фаришта ӯро бағал карду ашкҳояшро бо лаби остинаш руфт.
-Диқ наку ма тура ба у хона бармегардонум, ама гапа ба оғо қисса мекунм, оли оғо баргарда ҳамаш хуб меша, - гуфт хола.
Фермаи чорвопарварӣ ва галлаи аспҳои давандро як зану шавҳар идора мекарданд, ки ҳафт бача ва ҳафт келин доштанд. Онҳо ё аз қавми барлос буданд ё чағатоӣ. Авлод ба авлод чорводор буданд ва падари оғо солҳо пеш онҳоро бо пайсаи калон аз Мазори Шариф ба ин ҷо овард.
Мӯйсафеду ҳамсараш пир шуданд, ҳоло ҳафт писару ҳафт келин дар як рӯз то сад говро меҷӯшанду ширу қаймоқашро ба дӯконҳо тақсим мекунанд.
Рӯзе, ки Шопур Фариштаро ба ин макон овард, ҳавлӣ хилват буд ва дар пешгоҳи хонаи пастак, ки бештар ганҷурхонаро мемонд, ба ҷуз пиру кампир каси дигаре набуд.
Садои маъоси говҳо ва шиъаи аспҳо аз самти шипанги бузург ба гӯш мерасид, ки дар фосилаи дусадметрии ин хона ҷойгир буд.

пешина
аз 473
навбатӣ