Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-И духта кийе? - пурсид ӯ бо қаҳр, дар ҳоле, ки аз пӯсти сафеду гардани баланд ва гунаҳои дар оташи танӯр гулгун шудаи Фаришта чашм намеканд. Хола Наврӯз чолокона аз ҷой ҷаҳиду нимтаъзим кард.
-И тифлак як ғарибаст, ира ай Шӯравӣ қочоқ кардан, инами қочоқбаро ба оғо додан.
Бо шунидани калимаи “шӯравӣ” чеҳраи буҷури хонум турш шуд, бинии гӯштиаш, ки аз бузургӣ рӯи чашму лабу даҳон соя меафканд, дам кард ва ожанг дар ҷабини дамидааш ҷӯя кашид.
-Шӯравӣ? О иё кофирастан, намоз намехонан! Ира гум ку ай ошхана, дегу бушқобора ҳаром мекуна! Садои гушхароши зани дуввуми Гулоғо, ки аз даҳони чун ангуштпона танги ӯ берун меомад, Фариштаро тарсонд. Ӯ ноаён ба гӯшаи дури ошхонаи бузург хазид, ки нури чароғ ба онҷо намерасид.
-Боша хонумҷон, боша хонумҷон, нороат нашу хонумҷон, - Хола Наврӯз, ки дар баробари ин зани бузургҷусса мисли арӯсак хурду реза менамуд, чорқат мешуду ӯро ором мекард, то балоеро бар сари Фаришта гардон накунад.
-Куҷоста и кофири шӯравӣ, буру берун, ира ҷош оғилхонае!- оташи ғазаби ҳоҷии секарата ҳеҷ фурӯкаш намекард, оби даҳонаш ба ҳар тараф мепарид ва ғабғаби чун думбаи гӯсфанд овезонаш аз қаҳр меларзид.
-Ту буру хонумҷон, диқ наку, пустат хазон меша, мо амиёли ира бадар мекунем.
-Буру берун, кофари шӯравӣ, иёра куштан савобай!
Хола Наврӯз дигар илоҷ надошт, ки бо дили нохоҳам “Фаришта” садо кард.
Фаришта аз гӯшаи торики ошхона ба рӯшноӣ омад ва бо сари хам ва бо чашмони чун оҳӯи рамида зебояш дар рӯ ба рӯи Маҳваши зиштрӯ қарор гирифт. Хола Наврӯз пушт ба хонум меистод ва бо чашму абру ба Фаришта ишора кард, ки “ нигарон набош”.

пешина
аз 473
навбатӣ