Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Китоб намехост, танҳо дилаш ба ҳоли пиразан сўхт, мисли ятимакҳо буд.
Покети холаро васати «Номаи зани ношинос» гузошту чароғро хомўш кард.
Шаби гарме буд, нафаси гармо гулўяшро месўзонд, аммо сармои хонаи Садаф аз он хотироти талх ба вуҷудаш нуфуз мекард ва ба танаш раъша медамонд. Рўзеро ба ёд овард, ки дар он марҳилаи тўфонии зиндагӣ ҷалиқаи наҷоташ шуд…

«Он рўз Садаф субҳи зуд аз хона берун шуд ва қариби шом баргашт, бароям хабари хуш овард:
– Худоро шукр, ҷойи холӣ доранд. Қазияро ба Асал гуфтам... Наметавонистам нагўям, бояд медонист, эҳтимол чорае бароят биандешад, метавонем фардо саҳар ба роҳ бароем.
Ногаҳ ба ёдам омад, ки либос надорам. Ман аз баландии айвон бо тани урён, бараҳна ба замин афтода будам, ин пероҳани рангбохтаи бумазиро дар бемористон ба танам карданд.
– Айби ман шуд, бояд бароят либос меовардам, бош, то утоқи бағалиро бигардам, шояд чизе пайдо кунам, – ў баъди чанде бо худ як боронӣ овард, зоҳиран мардона буд, онҳоро рўйи замин паҳн карду гарду хокашро бо як порчаи нам рўфт.
– Аз таксӣ берун омадӣ инро ба ман бидеҳ, ба ягон сабади ахлот меандозам.
Ў он шаб хоби ноором дошт, гумонам аз вокуниши хола дар ҳарос буд, субҳи барвақт аз ҷо баланд шуд...
– Садаф, шумо нигарони хола набошед, ў аз Худо мехоҳад, ки ман гумугўр шавам, то касе ради поямро наёбад, бигўед, ки бе ҳеҷ ҳарфу калом фирор карам.

пешина
аз 313
навбатӣ