Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аз беруни утоқ садои хола Моҳистон ба гўшам расид, каломаш қобили фаҳм набуд, бо марде паст-паст суҳбат мекард, ба утоқ ворид нашуд, парасторро аз пушти дар садо кард.
Қадамҳо бо аҷала дур шуданд, хомўшии ин маконро танҳо садои лўлаҳои зангзадаи зери сақф халалдор мекард, ки мисли пойи шикаста аз чандин ҷой гаҷкорӣ шуда буд.
Хеле вақт гузашт то дубора садои кафшҳоро шунидам. Парастор бо як мард ва як замбари чаҳорчарха баргашт. Замбарро то сатҳи тахт поин оварду маро бо кўмаки он мард рўйи чаҳорчарха хобонд. Сипас, болопўшро то сарам кашиду суратамро пўшонд, ҳамон тавр, ки чеҳраи як мурдаро мепўшонанд. Аз зери он рўпўши захим чизеро намедидам ва ҳодисоти атрофро шабеҳи нобиноён бо гўшҳоям эҳсос мекардам. Ба гумонам аз роҳрави борике мегузаштем, ки фарши ноҳамвор дошт, чархи замбар гоҳ ба девори самти чап бармехўрд, гоҳ ба рост, нури чароғ гоҳ камранг мешуд ва гоҳо медурахшид ва аз зери он болопўши захим чашмонамро озор медод. Нафасҳои сангини он мардро мешунидам ва тақ-тақи шитобзадаи пошнаҳои кафши холаро. Парастор садое дарнамедод, он се нафар аслан ҳарф намезаданд, шояд байни ҳам бо имову ишора чизе мегуфтанд, аммо ман намедидам. Ногаҳон замбар аз ҳаракат бозмонд ва даре ғиҷиррос заду кушода шуд. Мавҷи ҳавои тозаро эҳсос кардам.
Сипас, ҷодаи хокиро убур карда дар канори мошини муҳаррикаш рўшан истоданд. Он мард маро бо эҳтиёт бардошту ба сандалии ақиби мошин хобонд, сарамро рўйи зонувони парастор гузошт ва болопўшро аз рўям дур кард. Хола дар сандалии пеш менишаст, ҳайкалаш аз хашму танаффур ях баста буд. Мошин дар пасманзари хомўшии мурдавори ронандаву мусофиронаш бо суръат аз ҷой такон хўрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё