Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дурўғ мегўӣ, падарлаънат! Дар он хонаи танг ҳар ҷо пинҳон мешудам, муштҳояш ба сару танам бармехўрд.
Саранҷом аз зери дасташ фирор кардам ва бо тани урён ба сўйи баромадгоҳ давидам, бедиранг думболагирам кард.
– Ист, ҷалаби бадзот! – гуфту аз мўям кашид ва сипас маро аз баландии шаш палла ба замин тела дод. Хаёлам, ки мунфаҷир шудам. Охирин чизе, ки ба ёд дорам, як дарди шадиди тоқатнопазир буд ва гармое, ки аз байни пойҳоям сарозер шуд...
Дар канори паллаҳои айвон аз ҳуш рафтам, вале дар утоқи мисли гўр тираву тор ба ҳуш омадам, партави чароғи берун танҳо як бари девор ва тушакҳои болои ҳам чидаро равшан мекард. Зоҳиран таҳхонаро мемонд, садои убури об аз зери сақф шунида мешуд. Шикамамро ламс кардам, пуч буд. Найчаеро дар он фурў карданд, ки аз он қатраҳое ба зарфи канори тахт мечакид, дастам ба қатрачакон васл буд. Агарчи дардеро эҳсос намекардам, аммо гиҷ будам, намедонистам чӣ ба сарам омадаст ва ҳоло дар куҷоям. Ногаҳон чароғи утоқ равшан шуд ва рўшноӣ мисли теғ ба чашмонам фурў рафт, ғайриихтиёр даст ба пешонӣ бурдам.
Духтари ҷавоне дар либоси парастор сареъ пеш давид ва пояи қатрачаконро аз афтидан наҷот дод. Аз ў пурсидам:
– Куҷоям? – Сўзанро аз рагам берун овард ва бо садои нимшунавои шабеҳи наҷво гуфт:
– Дар бемористон, дишаб ҷарроҳӣ шуди, дигар ҳомиладор нести.
Ин ҳамаро ба лаҳне гуфт, ки ингор мехост маро хушҳол кунад.

пешина
аз 313
навбатӣ